Навгонӣ

Дирӯз, 18 - уми майи соли 2018 Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Ҷоизаи давлатии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Муъмин Қаноат дар синни 86 - солагӣ аз олам даргузашт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли оила ва наздикону пайвандони марҳум изҳори тасаллият намуданд, ки дар он, аз ҷумла омадааст:

«Муъмин Қаноат дар рушди адабиёти муосири тоҷик хидмати шоистаеро ба анҷом расонида, солҳои зиёд ба ҳайси Раиси Иттифоқи нависандагон, Раиси Кумитаи ҷумҳуриявии муҳофизати сулҳ, муовини Раиси Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, муовини Раиси Кумитаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ кору фаъолият дошт.

Ҳанифа Валиева- “Мураббияи сол” шудДар мактаби хусусии «Паймони азизон»-и шаҳри Хуҷанд марҳилаи ҷамъбастии озмуни шаҳрии «Мураббияи соли Тоҷикистон» баргузор гардид.

Дар ин даври озмун се нафар мураббиён аз кудакистони хусусии “Дилоро” ва ширхоргоҳ кӯдакистонҳои шаҳри Хуҷанд бо ҳам қувваозмоӣ намуданд

Мураббияҳо аз рӯйи шартҳои “Мизи мудаввар”, “Тасвир намудан ва сохтани манзара бо дархости доварон”, “Машғулияти таьлимӣ”, “Муаррифии фаъолияти педагогӣ”, “Дониш ва маҳорати касбии мураббиён” ва “Таҳлили ҳолатҳои равонии педагогӣ” маҳорати хешро нишон доданд.

Дар натиҷа, мақоми аввалро мураббияи ширхоргоҳ- кӯдакистони рақами 27 Ҳанифа Валиева, ҷойи дуюмро мураббияи кӯдакистони хусусии “Дилоро” Марҷона Ҳасанова ва зинаи сеюмро мураббияи ширхоргоҳ кӯдакистони рақами 20 Мадина Боирова ба даст оварданд.

Оғози ҳамворкунӣ ва омодагӣ ба сохтмон дар хиёбони Раҳмон НабиевКорҳои ҳамворкунӣ ва омодагӣ ба сохтмон дар хиёбони Раҳмон Набиев аз тарафи ширкати “Ҳусноро-1” оғоз гардид. Ба ин муносибат Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода бо собиқ сокинони ин маҳал мулоқоти озоду ошкоро намуд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода сабаби таъхири оғози сохтмони биноҳоро аз ҷониби ширкати чинӣ дар мувофиқат накардани талаботи меъёрии сохтмон арзёбӣ намуда, ба сокинони маҳал мужда расонд, ки лоиҳаи биноҳо баъди таъғиру иловаҳо аз ташхиси сохтмон якчанд марҳилаҳоро гузашта, дар анҷоми тасдиқёбист. Худи ҳамин рӯз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр иҷозаи корҳои ҳамворкунӣ ва омодагӣ ба оғози сохтмонро ба ширкати «Ҳусноро-1” дастрас менамояд. Ва онҳо метавонанд ба пуррагӣ ба оғози кор машғул гарданд.

Литсейи №1 Ҷоми Раиси шаҳрро ба даст овардТибқи нақша- чорабинии бахши ҷавонон ва варзиши Мақомоти иҷроияи ҳокимият давлатии шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон  ва бо мақсади рушди футбол, ҷалби васеи омма ба ин намуди варзиш санаҳои 3 - 17 майи соли 2018 дар майдони варзишии футболи Муассисаи давлатии “Мактаби варзиши №1”-и шаҳри Хуҷанд мусобиқаи шаҳри Хуҷанд оид ба футбол байни дастаҳои мунтахаби муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ барои дарёфти “Ҷоми Раиси шаҳри Хуҷанд” баргузор гардид.

Дар мусобиқаи мазкур  17 даста аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсей ва гимназияҳо бо фарогирии беш аз 300  нафар хонандагон иштирок намуданд.

Ҳамин тавр ҷои якум насиби дастаи литсейи №1-и ба номи академик Муҳаммад Осимӣ, ҷои дуюм дастаи гимназияи №24 ва ҷои сеюм дастаи гимназияи №4 гардида.

Марофони велосипедронӣ, машқи дастҷамъонаи пагоҳирӯзӣ ва дави миллӣБо мақсади пуршукӯҳ ҷашни гирифтани Рӯзи ҷавонон ва тарғиби тарзи ҳаёти пагоҳ, яъне санаи 19-уми майи соли равон, соати 7:00 дар Маҷмааи давлатии «Истиқлол»-и шаҳри Хуҷанд машқи пагоҳирӯзӣ ташкил ва баргузор карда мешавад.

Ҳамчунин худи ҳамин рӯз соати 8:00 аз ин мавзеъ мусобиқа велосипедронӣ оғоз гардида, то маҳаллаи 3-юми шаҳр тӯл мекашад.

Санаи 20-уми майи соли равон соати 8:00 аз назди Маҷмааи «Ҳавзи шиноварӣ» тариқи хиёбони Раҳим Ҷалил ба воситаи купрӯки нав то майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби беш аз 20 ҳазор нафар сокинони шаҳри Хуҷанд дави миллӣ баргузор мешавад.

Ғолибонро тӯҳфаҳои хотиравӣ интизор аст.

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...