Навгонӣ
21 Май 2018
Дар асоси нақшаи тақвими ягонаи чорабиниҳои оммавӣ, варзишӣ, солимгардонӣ ва иштирок дар мусобиқаҳои вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ дар соли 2018, бо мақсади тарғибу ташвиқи волейбол, мустаҳкам намудани алоқаи дўстии байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсей ва гимназияҳои шаҳр дар давоми соли хониш Лигаи шаҳри Хуҷанд оид ба намуди волейбол байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсей ва гимназияҳои шаҳрӣ таҳти унвони «Ҷавонон - пайрави Пешвои миллат!» баргузор гардид.
Дар ин мусобиқа 12 даста байни духтарон ва 24 даста байни писарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсей ва гимназияҳои шаҳрӣ бо ҳам қувваозмоӣ намуданд ва дар натиҷа ҷои якумро байни духтарон муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии №23, ҷои дуюмро дастаи муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии №6 ва ҷои сеюмро дастаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умуми № 16 соҳиб гардиданд.Муфассал... Шарҳ додан