Навгонӣ

«Хуҷанд» дар саргаҳи ҷадвали мусобиқотДирӯз дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”-и шаҳри Хуҷанд бозии миёни дастаҳои «Хуҷанд» ва «Истиқлол» баргузор шуд ва бо ҳисоби 4 – 3 ба фоидаи соҳибони майдон ба анҷом расид.

Дар дақиқаи 21-уми бозӣ футболбози дастаи «Истиқлол» Николай Зенко ҳисобро боз кард. Дар дақиқаи  24–ум Нозим Бобоҷонов голи дуюми меҳмонро ба ҳадаф расонд. Муаллифи голи сеюми дастаи “Истиқлол” Ромиш Ҷалилов гардид.

Ҳамин тариқ Ҳасан Рустамов, Фарҳод Тоҳиров, Ҳикматулло Расулов ва Дилшод Бозоров муаллифони голҳо аз дастаи “Хуҷанд” гардиданд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки “Хуҷанд” дар ҷадвали мусобиқаро бо 23 имтиёз соҳибӣ намуд. “Истиқлол” дар зинаи дуюм ва “Хатлон”-и Бохтар бо 13 имтиёз дар зинаи сеюм қарор доранд.

Оғози мумфаршкунии кӯчаи СирдарёСубҳи имрӯз бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода, сокинони маҳаллаи «Навбаҳор», фаъолони шаҳр ба корҳои мумфаршкунӣ ва азнавсозӣ дар кӯчаи Сирдарёи шаҳри Хуҷанд ҳусни оғоз бахшида шуд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода қабл аз оғози маъракаи мумфаршкунӣ назди ҳозирин баромад карда, аз ҷумла қайд кард, ки чорабинии мазкур дар заминаи иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба таҷлили 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори Раиси вилояти Суғд оид ба эълон гардидани 1300 рӯзи ободонию кабудизоркунӣ ба истиқболи 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

Роҳбари вилоят гуфт, ки дар замини санадҳои мазкур имрӯз дар 18 шаҳру навоҳии вилоят корҳои ободонию созандагӣ сурати тоза пайдо намудааст.

Аёдати ҷавонони маъюбу камбизоат дар Рӯзи ҷавононСубҳи имрӯз бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавонони маъюбу камбизоати шаҳри Хуҷанд аёдат  ва ба эшон маводҳои ниёзи аввал дастрас карда шуд.

Фирӯза Нуруллозода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд ба манзили сокини микроноҳияи 20-ум Умед Бобоҷонов, ки маъюб аст, ҳозир шуда, Паёми табрикотии Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба ин ҷавон расонд.

Фирӯза Нуруллозода гуфт, ки бо ҳидоятҳои раъиятпарваронаи Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шумо ҷавонон ҳамеша зери парастиш ва таваҷҷуҳи хоса қарор доред. Имрӯз рӯзи ид аст, шодиву хурсандӣ намоед.

Таҷлили Рӯзи ҷавонон дар ХуҷандДар назди маҷмааи «Истиқлол»-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки зиёди ҷавонон ва фаъолони шаҳру навоҳии вилояти Суғд аз Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҷлил карда шуд.

Нахуст аз ду ҷониби ин маҷмаа роҳпаймоии беш аз 20 ҳазор нафар ҷавонон сурат гирифт. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҷавононро бо идашон табрик гуфта, аз ҷумла афзуд, ки «Боиси ифтихор аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нерӯи созанда, иқдомҳои бунёдкорона, ташаббусҳои наҷиби ҷавонон ва қобилияти баланди зеҳниву ҷисмонии онҳо эътимоди комил доранд ва ғамхорӣ дар ҳаққи насли ояндасози миллатро самти меҳвари фаъолияти худ қарор додаанд.

alt

Паёми табрикотии Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон.

Рӯзи ҷавонони Тоҷикистонро ба кулли ҷавонон ва сокинони барнодил табрику муборакбод намуда, барояшон сиҳатмандиву хонаободӣ, рӯзгори хушу хуррам ва фатҳи қуллаҳои баланди муродро таманно менамоям.

Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳияи сиёсати давлатии ҷавонон шароити мусоид фароҳам овардааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон қайд намудаанд: «ҳукумат ғамхориро нисбат ба наврасону ҷавонон минбаъд низ идома бахшида, ба ин неруи тавонои кишвар, ки марзу буми Тоҷикистонро ҳимоя мекунад, кишварро ободу зебо мегардонад ва номи ватани аҷдодиро боз ҳам боло мебардорад, ҳамеша такя менамояд».

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...