Навгонӣ

Раҷаббой Аҳмадзода дар «Наврӯзгоҳ» шодишарики кӯдакон гардидСубҳи имрӯз, яъне 1-уми июн Боғи истироҳатии «Наврӯзгоҳ» -и шаҳри Хуҷанд идгоҳро мемонд. Аз субҳи содиқ наврасону ҷавонон бо волидайн ва устодону пайвандони хеш ба сӯйи идгоҳ мешитобиданд. Садои карнаю сурнай ва доира фазои идонаро пуршукӯҳ менамуд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода бо ҳайати ҳамроҳонашон ба майдони идгоҳ ворид гардида, шодишарики кӯдакон шуданд.
Дар даромадгоҳи боғ ғолибони олимпиадаҳои фаннӣ, хонандагони эҷодкор аз дастовардҳои хеш ба Раиси вилояти Суғд маълумот дода, шеъру таронаҳои эҷодкардаашонро дар васфи Ватан, Тоҷикистон, Пешвоимиллат ва ғайраҳо ироа намуданд.

Тарбиятгирандагони Кӯдакистони Президентӣ дар шаҳри Хуҷанд бо маҳорати хосса ва малакаю истеъдод суруду таронаҳо хонда, саҳначаҳои ҷолиби ватандӯстона нишон доданд.

«Ҷаҳони орзу» орзурасони кӯдакон гардидИмрӯз бо иштироки Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,Пешвои миллат, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоташон бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва истиқболи самимӣ аз 1 июн –Рӯзи байналхалқии ҳифзи кӯдакон ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Фарангис Исмоилова як муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ бо номи «Ҷаҳони орзу» бунёд ва ба истифода дода шуд.

Дар муассисаи навбунёд тамоми имконот ва шароити муосир барои таълиму тарбияи кӯдакон пешбинӣ гардида, дар навбати аввал 80 нафар кӯдакон ба он фаро гирифта мешавад ва наздик 20 нафар мураббиёну кормандон ба кор қабул карда мешаванд.

Кӯдакон ба мактаб омода мешавандБаҳри самарабахш омода намудани кӯдакон ба мактаб ва санҷиши дониши онҳо дар гуруҳи омодагии муассисаи таҳсилоти томактабии №16 ба мактаб чорабинии идона бахшида ба Рӯзи байналхалқии ҳифзи кӯдакон баргузор гардид.
Дар чорабинӣ машғулиятҳо аз қабили шиносоӣ бо муҳит, тасаввуроти оддитарини математикӣ ва саводомӯзӣ гузаронида шуд. Кӯдакон шаклҳои гуногуни геометрӣ, рақамҳо, чистонҳо, зарбулмасалу тезгӯякҳо, инчунин сохтани ҷумлаю ба ҳиҷо ҷудо намудани калимаҳо, садоноку ҳамсадо будани ҳарфҳоро ба маърази тамошо гузоштанд. Аъзои маҳфили «Доиранавозон»-и кӯдакистон бо маҳорати баланд истеъдоди хешро нишон доданд.

Иштироки Раҷаббой Аҳмадзода дар чорабинии идонаи «Хонаи кӯдакон»Субҳи имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба Муассисаи давлатии махсусгардонидашудаи  табобатии «Хонаи кӯдакон»-и шаҳри Хуҷанд рафта, кӯдаконро ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кўдакон табрику таҳният гуфта, тӯҳфаҳо тақдим намуданд.

Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронӣ гуфт, ки бо саъю талоши Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кӯдакони ятиму бепарасаторон ва маъюбу танҳо пайваста ғамхорӣ зоҳир кардам мешавад. Пешвои миллат борҳо таъкид медоранд, ки ««Кўдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рўзгори ҳар як падару модар мебошанд».

Маросими савгандёдкунии абармардони ВатанДар майдони назди нимпайкараи Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ Домулло Азизов, воқеъ дар маҳаллаи «Дӯстии халқҳо»-и шаҳри Хуҷанд маросими савгандёдкунии сарбозони  Филиали хуҷандии Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳузури мушовири Вазири мудофиаи мамлакат генерал-майор Аъзам Қосимов, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Ҷамшед Абдуқаюмзода, волидайни сарбозон, муҳассилини мактаби таҳсилоти ҳамагонии шаҳр  баргузор гарди.

Чорабинии  мазкур бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардида, сарбозон бо навбат баҳри хизмати содиқона ба Ватану миллат қасам ёд намуданд.

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...