Навгонӣ

altИмрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сарони Ҳукуматҳо ва роҳбарони ҳайатҳои кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки барои иштирок дар ҷаласаи Шӯрои Сарони Ҳукуматҳои ИДМ ба Душанбе омадаанд, мулоқот намуданд.

Дар мулоқот Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Дмитрий Медведев, Сарвазири Ҷумҳурии Беларус Андрей Кобяков,  Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Орипов, Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон  Бахитжан Сагинтаев,  Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Муҳаммадкалӣ Абилгазиев, муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Арарат Мирзоян, муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Озарбойҷон Ягуб Эюбов, муовини Раиси Девони вазирони Ҷумҳурии Туркманистон, Вазири корҳои хориҷии ин кишвар Рашид Мередов ва Раиси Кумитаи иҷроия-котиби иҷроияи ИДМ  Сергей Лебедев иштирок карданд.

alt31 майи соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Дмитрий Медведев, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, мулоқот карданд.

Дар ҷараёни сӯҳбат ҳолат ва дурнамои маҷмуъи муносибатҳои дӯстиву равобити мутақобилан судманди Тоҷикистону Россия мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти аҳамияти шарикии стратегии Тоҷикистону Россия таъкид карданд, ки рушди минбаъдаи ҳамкорӣ бо ин кишвар аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон боқӣ мемонад.

Президенти мамлакат ҳалли муштараки як қатор масъалаҳои мубрамро дар бахши ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ, омили муҳими таҳкими муносибатҳои дуҷониба арзёбӣ намуданд.

alt30 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сардори Сарситоди муттаҳидаи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Покистон генерали артиш Зубайр Маҳмуд Ҳаётро, ки бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот маҷмуъи васеи масъалаҳои ҳамкории сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодии кишварҳо баррасӣ карда шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунсоҳаи кишварҳо, ки бо талошҳои сарони давлатҳо мазмуну муҳтавои тоза касб менамоянд, изҳори қаноатмандӣ карданд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаҳои таҳкими ҳамкории дуҷонибаро дар самти муборизаи муштарак бо зуҳуроти терроризму ифротгароӣ, истеҳсолу гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории фаромиллӣ муҳокима карданд.

alt30 май таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар кори маҷлис “Дар бораи Номгӯи объектҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва стратегӣ” гузориши раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Аҳмадзода ва “Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи  Буҷети  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018”  гузориши Вазири молияи ҷумҳурӣ Файзиддин Қаҳҳорзода шунида шуд.

Шиногоҳ ба истифода дода шудБаъди иштирок дар тантанаҳои Рӯзи кӯдакон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода дар вазъияти тантанавӣ шиногоҳи соҳили дарёи Сир, воқеъ дар кӯчаи Сирдарёро баъди азнавсозӣ ба истифода доданд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки шиногоҳ ҳанӯз замони собиқ Шӯравӣ фаъол буда, беш аз 20 сол инҷониб бинобар номутобиқатӣ ва хатарнок буданаш шаҳрвандон аз он истифода намебурданд. Мушкилоти аз кор мондани шиногоҳ ва ғарқшавии шаҳрвандон дар 20 соли охир ба мавзуъи асосии расонаҳои кишвар мубаддал гардида буд.

Хушбахтона бо дастур ва дастгирии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ин шиногоҳ дуюмбора фаъол ва ройгон ба шаҳрвандон ба истифода дода шуд.

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...