Навгонӣ

altИмрӯз баъди нисфирӯзӣ Сафири Фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Найнхарт Хёфер –Вессинг ба шаҳри Хуҷанд ташриф меорад.

Сафир дар доираи сафари худ аз муассисаи таълимии ғайридавлатии хусусии гимназияи Гётеи шаҳри Хуҷанд, ташкилоти ҷамъиятии Маркази занон «Гулрухсор», кафедраи забони олмонии ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров боздид ба амал меорад.

Ҳамчунин дар доираи ташрифи худ Сафири Фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Найнхарт Хёфер –Вессинг бо Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва намояндагони аққалияти миллии Олмон мулоқот анҷом медиҳад.

altCубҳи 2-юми июн низ бо мақсади ғанӣ ва фаровон намудани дастархони рамазонии мардум дар мавзеъи назди театри Хоҷа Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд ярмарка фуруши маҳсулоти хоҷагии қишлоқ сурат гирифт. Дар ярмарка ба сокинони шаҳри Хуҷанд аз бозор 20-30 фисад арзон маҳсулотҳо пешкаш карда шуданд. Масалан нархи гушт 30 сомонӣ, пиёз аз 0, 70 дирам то 1,50 сомон, сабзӣ 1 сомонӣ, шакар 5, 50 сомонӣ ва ғайра арзиш доштанд.

Бо назардошти иҷрори дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоташон бо аҳли ҷомеаи кишвар аз ҷониби ширкати "Роҳи сомон" ин ҳафта низ беш аз 600 халта орди 50 килогӣ бо маблағи 110 сомонӣ дар ду мавзеъи шаҳр: микроноҳияи 20 ва назди театри Хоҷа Камоли Хуҷандӣ пешкаш намуд.

Рӯзи 2 июн баъди анҷоми кори машварат бо фаъолону кормандони соҳаи кишоварзии вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Данғара бо шароити боғоти Кооперативи истеҳсолии “Сомонҷон” шинос шуданд.

Кооперативи истеҳсолии “Сомонҷон” дар майдони умумии 345 га боғ, аз он дар масоҳати 102 га боғи интенсивӣ, 135 га ангур ва дар 75 га бодому олу бунёд кардаанд.

Дарахтони аз бори меваи зиёд сар ва навдаи ба зер афкандаи боғҳо аз фаровонии ҳосил дарак медиҳад.

Ба андешаи коргарони хоҷагӣ аксар ҳосили ин боғот, аз ҷумла бодом, олу, ангур, картошка ва гандум барои содирот ба минтақаҳои дигари ҷумҳурӣ ва як қатор кишварҳои хориҷи дуру наздик, аз ҷумла ба Федератсияи Россия, Афғонистон, Покистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва ғайра фиристода мешавад.

Бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳосили фаровони тухмиҳои картошка, ки дар минтақаи Канаски шаҳри Ваҳдат кишт шуда буд, барои рушди соҳаи тухмипарварӣ ва истеҳсоли кофии ин маҳсулоти хурока, тухмии он ба як қатор шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ тақсим карда шуд.

altБо мақсади тозаву зебо нигоҳ доштани муҳити атроф беш аз 8000 нафар сокинони шаҳри бостонии Хуҷанд бахшида ба ҷашни Рузи Ваҳдати миллӣ ва 1300 Рузи ободонӣ ба шанбегии умумишаҳрӣ баромаданд.

Дар ин кори дастҷамъона бахусус аҳли кормандони ДДҲБСТ, МТТ№6, 14, 37, 38 фаъолнокии бештар зоҳир намуданд.Ҳамзамон маъмурият ва мураббиёни МТТ№32-и шаҳри Хуҷанд беш аз 30 нафар аз сари роҳи қадди кӯчаи микроноҳияи 18-ум, аз ҳудуди муассиса  то МТМУ №22 шанбегӣ гузарониданд.

Аҳли заҳмати кӯдакистон-ширхоргоҳи №32-и шаҳри Хуҷанд мавзеъи номбурдаро аз алафҳои худрӯю хушк тоза намуда, шохҳои парешони дарахтонро ба тартиб ва тани онро сафед намуданд.

altБа ҳамаи шумо маълум аст, ки Ҳукумати мамлакат ҳифзи амнияти озуқавории кишварро дар қатори ҳадафҳои афзалиятноку стратегии худ қарор дода, барои татбиқи самарабахши он мунтазам талош дорад ва ҳамаи захираву имкониятҳоро ба ин самт сафарбар намудааст.

Бо вуҷуди          мушкилоти мавҷуда бо азму талоши мардуми кишвар, аз ҷумла заҳматкашони вилояти Хатлон дар давоми панҷ моҳи соли ҷорӣ рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ва афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ бомаром таъмин гардидааст.

Тавре ки ҳар яки шумо хуб медонед, солҳои охир дар натиҷаи тағйирёбии иқлими сайёра таҳдиду таъсири хушксолӣ ва дигар офатҳои  вобаста ба гармшавии иқлим  ба минтақаву кишварҳои мухталифи ҷаҳон  сол ба сол афзоиш ёфта истодааст.

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...