Навгонӣ

 16-уми октябр бо иштироки Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймумин Ятимов, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон ва Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов маҷлиси фаъолони ВМКБ баргузор гардид, ки дар он аз фаъолияти якмоҳаи Ситоди байниидоравии мақомоти таъмини амният дар вилоят натиҷагирӣ карда шуд.

Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймумин Ятимов таъкид дошт, ки сулҳу оромӣ заминаи асосии созандагию ободкорӣ ба ҳисоб меравад.

altМубин Шарифов, корманди бахши маъмурию ҳуқуқии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо амри дил ба хизмати ҳарбӣ рафт.

Мубин Шарифов, зимни суҳбат бо мо гуфт, ки мо – ҳама хурду бузурги кишвар, алалхусус ҷавонон вазифадорем, ки шукронаи истиқлолият, сулҳу оромӣ ва сарҷамъиву ваҳдати миллиамонро эҳтиёт кунем ва доим дар андешаи ободиву ҳифзи Ватанамон буда, садоқат ба Пешвои миллат, Давлату Ҳукумат ва сарзамини аҷдодиро фаромӯш насозем. Мо бо эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ ба давлату Ватани хеш содиқ монда, зиракии сиёсиро аз даст намедиҳем ва ҳамеша барои ҳимояи Ватан аз таҳдиду хатарҳои муосир омода ҳастем.

altДар шаҳри Хуҷанд давоми 9 моҳи соли ҷорӣ аз тарафи шабакаҳои барқи шаҳр ба миқдори 420,6 миллион кВт/соат нерўи барқ ба муштариён интиқол дода шуд. Маблағи пардохти умумии он 99,8 млн. сомонӣ ё 106,2 фоиз, аз ҷумла аз тарафи аҳолӣ 44,7 млн. сомонӣ ё 118,1 фоизро ташкил менамояд.

Бояд тазаккур дод, ки дар шаҳри Хуҷанд истифодабарандагони қувваи барқ бо ҳисобкунакҳои электронӣ пурра таъмин буда, зиёда аз 50,0 ҳазор муштариён ба системаи ягонаи назоратии биллингӣ пайваст мебошанд. Баъди азнавсозии шабакаҳои барқӣ ва ҷорӣ намудани системаи ҳисоби электронӣ меъёри ҷудошудаи талафот аз рўйи талаботи техникӣ ба эътидол даромадааст.

(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

alt16 нафар донишҷӯёни фаъоли риштаи таъмини барқ ва автоматикаи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо ҳамроҳии мудири кафедра номзади илмҳои техникӣ Ҳусейнҷон Қаландаров ба шаҳри Роғун сафар намуда, бо роҳнамоии ёрдамичии директори генералии ҶСК “Нерӯгоҳи барқи обии Роғун” Сафарбек Валиев, муовини директор оид ба истеҳсолот Қурбонназар Давронов ва сардори Раёсати бехатарии нерӯгоҳ Тешабой Исломов аз ҷараёни сохтмон аз наздик шинос гардиданд.

Дар рафти вохӯрӣ бо сохтмончиён итттилоъ дода шуд, ки айни ҳол дар ин нерӯгоҳи бузурги аср беш аз 21 ҳазор кормандон дар се баст фаъолият доранд.

15-уми октбяр дар Донишгоҳи Истанбули Туркия Конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи «Зарурати муборизаи муштарак бар зидди ташкилотҳои террористӣ» баргузор гардид. Дар Конфронси мазкур раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода, муовини аввали муфтии шаҳри Истанбул Вейсел Ишилдар, муфтии ноҳияи Фатиҳи шаҳри Истанбул Веҳап Капиҷиоғлу, ректори Донишгоҳи Истанбул профессор Маҳмут Ак ва раиси Анҷумани тоҷикон дар Туркия Зафар Мақсудов иштирок ва суханронӣ намуданд.

Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода зимни суханронӣ оид ба пайдоиши ташкилоти террористӣ-экстремистии ҳизби наҳзат дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон нақл карда, зикр намуд, ки тамоми рӯҳониёни машҳури тоҷик ҳамон солҳо таъсиси ҳизби наҳзати исломиро қабул надоштанд, онро дастгоҳ ва манбаи идеологияи аҳли ташайюъ дониста, фаъолияташро зараровар, ғайри қобили қабул ва муқобил ба суботу оромии мамлакат ҳисобида буданд. Аммо роҳбарони наҳзат иродаи мардуми мусулмон ва рӯҳониёни мазҳабиро сарфи назар карда, тавассути таблиғоти идеологӣ ва дастгирии молиявии хоҷагони хориҷии худ ҷаласаи худро баргузор карда, ба ҳаёти сиёсии мамлакат ворид шуданд ва дар муддати кӯтоҳтарин оташи ҷанги шаҳрвандиро афрӯхтанд.

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...