22 Октябр 2018
Дар доираи сафари кории хеш ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар ноҳияи Ҷаббор Расулов Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯдакистони хусусии “Нурафшон” - ро барои 200 нафар мавриди истифода қарор доданд.
Бинои кӯдакистон аз ду ошёна, маҷмуъи иншооти асосӣ ва ёрирасон иборат аст. Манораи бино бошад, барои хизматрасонии техникӣ пешбинӣ шудааст.
Дар ин ҷо ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки дар кӯдакистон 8 ҳуҷраи бозии кӯдакон, 8 ҳуҷраи хоб, ҳуҷраҳои ёрирасон, ҳавзи оббозӣ, ошхона барои 50 нафар, катҳои хоб барои 200 нафар ва дигар иншоот мавҷудаст.