17 Май 2018
Недоступен ни однин перевод.
Зимни боздид аз Регистони Самарқанд оилаҳои намунавии шаҳри Хуҷанд ба санъати баланди ин маҷмааи таърихӣ ба ҳайрат афтоданд.
Аз рӯи лоиҳаи Мирзо Улуғбек дар Регистон корвонсарой, хонақоҳ, гармоба ва масҷид низ сохтаанд. Ҳоло дар ҷои корвонсарой Мадрасаи Тиллокорӣ ва дар ҷои хонақоҳ Мадрасаи Шердор истодааст, ки бо фармоиши ҳокими Самарқанд Ялангтӯш бунёд ёфтаанд. Иморати аз ҳама калон мадрасаи Алика Кӯкалдош будааст, ки 210 гумбаз доштааст.
Номи деринаи Регистон Сардувоник будааст, тахмин ба маънои ҷои тақсимгоҳи оби равон. Ҳафриёти археологҳо мавҷудияти ҷӯйҳои қадимаи Регистонро тасдиқ кардаанд.
Дар сохтмони Мадрасаи Улуғбек бо илтимоси ӯ модараш Гавҳаршод аз Ҳирот меъмори машҳури он замон Қавомиддини Шерозиро мефиристад.