Навгонӣ
18 Май 2018
Дирӯз аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор қонунҳое, ки Маҷлиси намояндагон онҳоро қабул ва Маҷлиси миллӣ ҷонибдорӣ намуда буд, ба имзо расонида шуд.
Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ”, дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба кодексҳои ҷиноятӣ ва мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ”, “Дар бораи маводи доруворӣ ва фаъолияти фарматсевтӣ”, “Дар бораи маориф”, “Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаҳои олии таълимӣ” аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳаракат дар роҳ” дар таҳрири нав қабул гардида, асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ҳаракат дар роҳҳоро муайян намуда, идоракуниии давлатии ҳаракат дар роҳ ва ҳуқуқу уҳдадориҳои иштирокчиёни ҳаракат дар роҳро танзим намуда, таснифи роҳҳои автомобилгард ва воситаҳои нақлиётро муқаррар менамояд. Ҳамзамон ба чорабиниҳои таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ ва таъминоти тиббии бехатарии иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ диққати махсус дода мешавад.Другие статьи...
- Террористическо-экстремистская организация Партия исламского возрождения Таджикистана (ТЭО ПИВТ) – вдохновитель террористов
- Опасно, когда террорист не осознаёт, что он - террорист
- Членам экстремисткой организации «Группа-24» пора сушить сухари
- Зачем Америке Партия исламского возрождения Таджикистана?