Навгонӣ
29 Май 2018
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 26 майи соли 2018 дар бораи таъсиси Комиссияи байниидоравӣ оид ба гузаронидани озмуни кушода байни шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ватанию хориҷӣ доир ба интихоби беҳтарин лоиҳаи ангоравии боғи «Истиқлолият» бо майдони маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» дар шаҳри Душанбе бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фармоишро ба имзо расониданд.
Дар асоси ин фармоиш тартиб ва ҳайати Комиссияи байниидоравӣ оид ба гузаронидани озмуни кушода тасдиқ карда шуданд.
Дар Тартиб ҳадафу мақсад, ваколату вазифаҳои Комиссия, шартҳо ва талаботи озмун ва дигар муқаррарот муайян гардидаанд.
Боғи «Истиқлолият» бо майдони маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» дар қисмати марказии пойтахт, дар қитъаи замини масоҳаташ 29,0 гектар ҷойгир карда мешавад.
Акси кайҳонии ҷойгиршавии боғ аз ҷониби Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе омода карда шудааст.