Навгонӣ
08 Июнь 2018
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон дар баробари таҳлили тамоми соҳаҳои ҳаётан муҳими кишвар ба вазъи имрӯзаи ҷаҳон низ таваҷҷӯҳ зоҳир карда, иброз доштанд: «Солҳои охир терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст».
Дар ҳақиқат ҳам вақтҳои охир аҳли зиёиёни мамлакат, адибону рӯзноманигорон, сиёсатмадорону омӯзгорон кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки дар мақолаву вохӯриҳо,сӯҳбатҳо ва дар раванди таълим ҷавононро аз шомилшавӣ ба падидаҳои номатлуб дур созанд ва барои дарёфти роҳу усули решакан кардани ҳама гуна зуҳуроти терроризм ва ифротгароӣ, ки аз амалҳои зиддиинсонист, мубориза баранд.
Мутаассифона, дар замони мо гаравидони зумрае аз ҷавонон ба ҳар гуна гурӯҳҳои террористиву ифротгаро ба назар мерасад, ки дар ҳақиқат аҳли ҷомеаро ба таҳлука андохтааст.
Ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистӣ-террористӣ ҷиноятҳоеанд, ки ба муқобили ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, сохти конститутсионӣ, низоми сиёсии мамлакат, ягонаӣ ва бехатарии ҷомеа равона гардадаанд.Ифротгароён ва хусусан, пайравони гурӯҳи террористӣ барои таблищу ташвиқи андешаҳои ботили худ аз воситаҳои муосири иттилоӣ васеъ истифода мебаранд.Другие статьи...
- Statement by Shri M.J. Akbar, Minister of State for External Affairs at the High-Level International Conference on Countering Terrorism and Preventing Violent Extremism (4 May 2018, Dushanbe)
- Процесс получения визы в Германию и в страны Европы стал проще
- 16 первых мест учащихся города Худжанда в Москве
- Хуҷанд: Ифтитоҳи маркази таълимию дӯзандагӣ