Навгонӣ
15 Октябрь 2018
Недоступен ни однин перевод.
Субҳи шанбеи ҳафтаи гузашта тибқи дастури Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо иштироки теъдоди зиёди устодон ва муҳассилини литсейи касбӣ- политехникии шаҳри Хуҷанд бо мусоидати бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳр дар соҳили дарёи Сир бо мақсади сазовор таҷлил намудани идҳои миллии дарпешистода, ҳашари умумишаҳрии тозагии соҳил баргузор гардид.Иштирокчиёни ин чорабинӣ тавассути тоза намудани соҳили дарё аз ҳамагуна партов ва даравидани қамишзор ба шаҳомати дарёи Сир зебоии дигар бахшиданд.
Чорабинии мазкур дар доираи 1300 рӯзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, интизор меравад, ки дар ду канори Сирдарё меҳмонхона, тарабхона ва мавзеъҳои истироҳатӣ бунёд карда мешавад.Читать полностью