Навгонӣ

(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Ҳафтаи поси хотир: Нимпайкараи Пӯлод ОтаевБо ҳадафи пос доштани хотираи иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, дорандаи се дараҷаи ордени «Шараф» Пӯлод Отаев дар саҳни Мактаби таҳсилоти миёнам умумии рақами 27-уми шаҳри Хуҷанд, ки номи ин родмарди Ватанро дорад, нимпайкараи П.Отаев гузошта шуд.

Ба ин хотир собиқадорони ҷангу меҳнат, фаъолони шаҳр, устодону шогирдони мактаб ҷамъ омада, ёде аз қаҳрамониҳои бобоёну падарони далеру ҷасур намуданд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов сароғоз сухан карда, дар бораи корнамоиҳои ҷангии Пӯлод Отаев нақл намуд. Зикр гардид, ки бо шарофати қаҳрамониву диловарии фарзандони ватандӯсту меҳанпарвар Ватани мо аз вартаи ҳалокат эмин монда. Вале, Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳазорон нафар фиристодагони ҷумҳуриҳои шӯравиро ба коми худ фурӯ бурд. Насли имрӯзро зарур аст, ки номи неки онҳоро ҳамеша пос доранд ва ба шуҷоатмандиашон арҷ гузоранд.

(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Паёми Президент раҳнамои зиндагии ҷомеаПаёми ирсолгардидаи Сардори давлат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (26.04.2013) воқеан, асоси рушду нумӯи ҷомеа ва соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат маҳсуб мешавад.

Бо мақсади фаҳмонидани моҳияти Паёми Президенти кишвар ба шаҳрвандони Хуҷанд давоми як ҳафта аст, ки вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Домуллоҷон Ҷабборов бо кормандони соҳоти мухталиф ва сокинони маҳаллаҳои шаҳр гузаронида мешавад.

То ба имрӯз дар Минтақаи озоди иқтисодӣ бо коркунони соҳаи саноат ва энергетика, дар бахши Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо иқтисодчиёну молиячиён, дар ҶММ «Ҷавонӣ» бо кормандони саноати сабук, дар КВДК «Хуҷандобуканал» бо намояндагони ин соҳа, дар МТМУ №12 бо намояндагони маҳаллаҳои шаҳр вохӯриҳои вакил Д.Ҷабборов баргузор гардид.

Таҷлил: Намунаи ҷомеаДар асоси қарори Раиси вилояти Суғд, мӯҳтарам Қоҳир Расулзода ва қарори Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов ҷашни 80-солагии зодрӯзи духтури шоистаи Тоҷикистон ва ташкилотчии соҳаи нигаҳдории тандурустӣ Мирзосангин Қутфиддиновро таҷлил карда шуд. Ба ҳамин муносибат дар толори маҷлисии Беморхонаи клиникавиии вилоят ҷамъомади дӯстону пайвандон доир гардид. Номаи табрикии Сарвари вилоят Қоҳир Расулзодаро муовини Раиси вилоят Мавҷуда Бобоева ба самъи соҳибҷашн ва аҳли нишаст расонд. Таъкид гардид, ки шӯъбаи нигаҳдории тандурустии Кумитаи иҷроияи вилояти Ленинобод донишу ташкилотчигии ӯро ба назар гирифта, соли 1967 сардухтури беморхонаи клиникавии вилоятӣ тайин намуд ва фаъолити ӯ 25 сол ба ин ҳайс давом кард. Бо ташаббуси ӯ лоиҳаи беморхонаи ҳозиразамонаи вилоятӣ кашида шуда, соли 1982 бинои нави беморхонаи клиникавии вилоятӣ барои беш аз 1000 нафар беморон сохта шуд.

(2 овоз, миёна 4.50 аз 5)

Ҳафтаи поси хотир: ҲЕҶ  КАС  ВА  ҲЕҶ  ФАРОМӮШ  НАМЕШАВАДДар доираи «Ҳафтаи поси хотир» тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд кӯчаи навбунёд дар маҳаллаи 29-уми шаҳр ба номи иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945  Маъмур Акрамов гузошта шуд.

Ба ин муносибат бо иштироки фаъолони шаҳр, собиқадорони ҷангу меҳнат ва пайвандони М.Акрамов ҷамъомад баргузор гардид.

Нахуст назди ҳозирин муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Бобоҷонова М баромад карда, оид ба қаҳрамониҳои бузурги фарзандони тоҷик дар солҳои ҷанги мудҳиши ҷаҳон барои ба даст овардани Fалаба дар ҶБВ ибрози ақида намуд. Аз ҷумла, қайд гардид, ки яке аз чунин фардони бонангу номуси солҳои ҷанг Маъмур Акрамов буданд, ки барои озод кардани Ватан аз дастони фашистони хунхор сина сипар намудаанд. Месазад, ки корнамоиҳои бобоёну падарони шуҷоатманду далер мояи ифтихори насли имрӯз ва намунаи ибрат барои наврасону ҷавонон бошад.

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) дар шаҳри Хуҷанд ва умуман вилояти Суғд бештар ба қонунвайронкуниҳо роҳ дода, қонунҳо ва талаботи мавҷударо риоя накарда истодааст. Чунончӣ, ҳар ҳафта рӯзи чоршанбе дар бинои бахши ҲНИТ дар вилояти Суғд шумораи зиёди занҳо, аз 80 то 150 нафар ҷамъ гардида, дар зери ниқоби гирифтани дарси арабӣ ба мавлудхонӣ ва амри маъруф машғул мешаванд. Ин ҷамъомадҳо асосан дар таҳхонаи бинои ҲНИТ дар шаҳри Хуҷанд сурат мегиранд, ки чор тарафи таҳхона деворбанд буда, ҳатто, ягон тиреза надорад. Яъне, шароитҳои санитарӣ умуман ба эътибор гирифта нашудааст.

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...