Навгонӣ

(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Ситоди шабонарӯзии шаҳрӣ ба фаъолият шурӯъ намуд.Дар асоси супориши Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ва нақшаи тасдиқнамудаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар назди шаҳрдорӣ ситоди махсуси бартараф намудани ҳолатҳои  дар натиҷаи хунукӣ, барфрезӣ ва яхбандии роҳҳу иншоотҳои ҳаётан муҳими маркази вилоят ба амал омада аз оғози  оғози ҳафта равон ба фаъолият шурӯъ намуд.
Ба ҳайати ситод роҳбарони воҳидҳои сохтори дахлдори хоҷагию манзилӣ ва коммуналии шаҳр, идораи роҳсозӣ, партовкашонӣ, идораи барқ, «Хуҷандобуканал» шомил буда, навбатдории шабонарӯзӣ ташкил карда шудааст.
Ҳамзамон дар назди ситод 8 нафар корманд бо 4 адад воситаҳои техники барфтозакунӣ, нақлиёти боркашонии маводи зидди лағжиш, трактор ҳамеша дар ҳолати корӣ қарор дошта, дар мавридҳои зарурӣ роҳҳои шаҳрро аз барф тоза ва ҳаракати бехатари роҳҳоро бо пошидани маводи зидди лағжиш таъмин хоҳанд кард.

(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Рушди фарҳанг-омили устувори ҷомеаДар Маркази фарҳанги шаҳри Хуҷанд конфронси илмӣ-амалӣ бахшида ба ҷамъбасти «Соли фарҳанг ва рушди гулҳо» баргузор гардид. Дар ҷамъомади бошукӯҳ Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода, сардори Раёсати фарҳанги вилояти Суғд Ориф Набиев, доктори илмҳои санъатшиносӣ, профессор Аслиддин Низомов, фарҳангчиёни шаҳр ва устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров иштирок доштанд.
Ноиб-ректори ДДХ ба номи ак. Б.Ғафуров Матлуба Хоҷаева тамоми иштирокдорони конфронсро аз номи ректори донишгоҳ Анвар Мақсудов хайрамақдам гуфт.
Дар сухани худ иброз дошт, ки ҷамъомади мазкур бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва дастгирии маънавии факултаи санъати ДДХ ба номи ак.Б.Ғафуров рӯи кор омад.

Озмуни бонувони ҳунарманди Хуҷанд.Дар асоси дастури Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ва тибқи нақшаи амали «Барномаи давлатии тайёр кардани мутахассисон аз ҳисоби занон ва мусоидат ба шуғли онҳо барои солҳои 2012-2015», бо мақсади эҳё намудани ҳунарҳои миллии ниёгон, бо ҷойи кор таъмин намудани занону духтарон, дастгирӣ ва рушди ҳунари дастии адрасбофӣ ва ба ин васила бедор намудани завқи ҳунаромӯзӣ дар занону бонувон дар шаҳри Хуҷанд озмуни телевизионӣ, таҳти унвони «Ҳунар-сарчашмаи хушбахтӣ» баргузор гардид.
Омуни мазкур дар маркази таълимӣ-истеҳсолии ба номи «Зулфия Баҳриддинова» баргузор гардид, ки дар он 8 нафар занону духтарони ҳунарманди маркази номбурда ширкат намуданд.
Озмун аз рӯи 3 шарт,- нақшаи беҳтарин, микдори матои бофташуда ва бофтани матои адрас дар муддати 30 дақиқа доир гардид.

Олимпиадаи мактабиён ҷамбаст гардид.Дар мактаб-гимназияи № 24 ҷамбаст олимпиадаи фаннии мактабиёни шаҳр ба анҷом расид.
Дар чорабинии ба ин муносибат баргузор гашта, аъзоёни ҳакамони ин озмун омӯзгорону муҳассилин иштирок намуданд.
Дар оғози ҳамоиши ҷамбастии озмун муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Умедахон Муродӣ ба сухан баромада, эҳтирому сипосмандии Раисии шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба ҳозирон расонд.
Соли дуввум аст, ки олимпиадаи фанни хонандагони шаҳр тариқи «Онлайн» доир мегардад, ки ин иқдом барои таъмини шаффофияти олимпиада, дарёфти воқеии хонадагони лаёқатманд мусоидат менамояд.
Дар ин сабқати донишу истеъдод аз синфҳои 9 ва 11 - 1281 нафар ширкат варзиданд.

(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Маҳфили адабии Гулназар дар Хуҷанд.Дар маркази вилоят, шаҳри Хуҷанд махфили эчодии Шоири халқии Тоҷикстон Гулназар Келдӣ баргузор гардид. Махфили мазкур ба 70-солагии зодрузи ин шоири номвар бахшида шуд.
Махфилро бо сухани ифтитоҳӣ раиси бахши Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар вилояти Суғд Аҳмадҷони Раҳматзод ифтитоҳ намуд.
Сипас муовини аввали Раиси вилояти Суғд Раҳматзода Рустам Мирзо Раиси шахри Хучанд Рачаббой Ахмадзода ва Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим сохибчашнро табрик намуданд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода шоири номии тоҷикро бо санаи фархунда табрик намуда аз чумла зикр дошт.
«Дар ҳаёти ҷомеа, алалхусус дар ҳаёти иҷтимоию фархангии ҳар халқу миллатҳои мухталифи олам илму маърифат нақши асосӣ дорад.

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...