Навгонӣ
15 Март 2018
Субҳи имрӯз Раиси шаҳри Хуҷанд бо мақсади иштирок дар чорабиниҳои наврӯзӣ ба Муассисаи давлатии махсусгардонидашудаи табобатии «Хонаи кӯдакон»-и шаҳри Хуҷанд рафта, кӯдаконро бо ҷашни байналмилалии Наврӯз табрику таҳният гуфт.
Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода кӯдакон ва мураббиёни «Хонаи кӯдакон»-и шаҳрро бо фаррасии Наврӯзи Аҷам муборакбодӣ намуда, аз ҷумла афзуд, ки бо пешниҳод ва ибтикороти Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни ниёгонам-Наврӯз байналмилалӣ шуд ва бо таъбири Роҳбари Давлат «Наврӯз амали созанда ва халлоқро чун нахустунсури фаъолияти инсон муаррифӣ кард, ки баёнгари возеҳтарини он барзгарӣ ва кишоварзӣ ва дар маҷмӯъ фаъолияти иқтисодӣ ва созандаи иҷтимоист. Маҳз ҳамин амал имкон медиҳад, ки ҷомеа ба пешрафт ва рушди матлуб ноил гардад. Шаҳсутуни дигари ҷомеа дар фалсафаи Наврӯз озодагӣ мебошад.Муфассал... Шарҳ додан