Навгонӣ
19 Март 2018
Субҳи имрӯз риштаи умри шоираи ширинкалом Норинисо Алимуҳаммедова дар синни 68 солагӣ канда шуд. Дар хонаи марҳум маросими видоъ баргузор гардид.
Фаррух Орифӣ, муовини аввали Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Шоири халқии Тоҷикистон Нурмуҳаммад Ниёзӣ марги шоираро талафоти адабиёти тоҷик ва аҳли ҷамоатчигии кишвар унвон намуданд.
Мирзоқосим Каримов, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Хуҷанд, тассалиёти Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзодаро ба аҳли хонадону пайвандони расонида аз ҷумла таъкид сохт, ки «Шоира Норинисо Алимуҳаммедова на танҳо адиби сермаҳсул, балки ҳамчун ҷамотчии фаъол дар байни сокинони Хуҷандшаҳр маҳбубияти хоса доштанд.Муфассал... Шарҳ додан