Навгонӣ

altДар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ба “Маркази Назарбоев” ташриф оварданд.

Сарони давлатҳоро дар даромадгоҳи бино роҳбарияти ин маркази калони илмию маърифатӣ самимона истиқбол гирифтанд.

Иттилоъ дода шуд, ки ин маҷмаа ҳамчун маркази муосири илмӣ, маърифатию фарҳангӣ соли 2014 таъсис ёфта, ҳадаф аз бунёди он омӯзиши нақш ва мақоми аввалин Президенти Қазоқистон дар таърихи миллӣ ва ҷаҳонӣ, саҳми он дар муаррифии тарҳи роҳбарӣ баҳри бунёди давлатдории навин, ҳифз ва ба насли оянда мерос мондани анъанаву муқаддасот мебошад.

Бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев 14 марти соли 2018 сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид.

Дар ҷараёни мулоқот, ки дар овони 25-умин солгарди барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ баргузор гардид, Сарони давлатҳо дар фазои ҳамдигарфаҳмии комил ва ошкорбаёнии ҳамаҷониба дурнамои тавсеа ва таъмиқи муносибатҳои Тоҷикистону Қазоқистон, масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалии мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро, муҳокима намуданд.

Иштироки Маъруф Муҳаммадзода дар чорабинии наврӯзии «Хонаи кӯдакон»-и шаҳри ХуҷандСубҳи имрӯз Раиси шаҳри Хуҷанд бо мақсади иштирок дар чорабиниҳои наврӯзӣ ба Муассисаи давлатии махсусгардонидашудаи  табобатии «Хонаи кӯдакон»-и шаҳри Хуҷанд  рафта, кӯдаконро бо ҷашни байналмилалии Наврӯз табрику таҳният гуфт.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода кӯдакон ва мураббиёни «Хонаи кӯдакон»-и шаҳрро бо фаррасии Наврӯзи Аҷам муборакбодӣ намуда, аз ҷумла афзуд, ки  бо пешниҳод ва ибтикороти Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни ниёгонам-Наврӯз байналмилалӣ шуд ва бо таъбири Роҳбари Давлат «Наврӯз амали созанда ва халлоқро чун нахустунсури фаъолияти инсон муаррифӣ кард, ки баёнгари возеҳтарини он барзгарӣ ва кишоварзӣ ва дар маҷмӯъ фаъолияти иқтисодӣ ва созандаи иҷтимоист. Маҳз ҳамин амал имкон медиҳад, ки ҷомеа ба пешрафт ва рушди матлуб ноил гардад. Шаҳсутуни дигари ҷомеа дар фалсафаи Наврӯз озодагӣ мебошад.

altМуҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори омма,

Хонумон ва ҷанобон,

Мо ба ин сафар аҳамияти калон медиҳем.

Мо натиҷаҳои онро бисёр мусбат ва самарабахш меҳисобем.

Ҷонибҳо як қатор ҳуҷчатҳои дуҷонибаи тақозои замонро, ки заминаи ҳуқуқии муносиботи мутақобилаи моро мукаммалтар сохтанд, ба имзо расониданд.

Онҳо имкон медиҳанд, ки сатҳи ҳамкории бисёрҷонибаи мо дар сиғаи стратегӣ густариш дода шавад.

Соли равон ба истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни давлатҳои мо бисту панҷ сол пур шуд.

Дар давраи сипаригашта кишварҳои мо таҷрибаи бузурги ҳамкории созандаро дар шароити нави соҳибистиқлолӣ ба даст оварданд.

1 май Наврӯзро ҷашн гирифтДар МТМУ №26- и шаҳри Хуҷанд тантанаҳои наврӯзии  маҳаллаи "1 май" таҷлил карда шуд. Дар чорабинӣ аҳли маҳалла, фаъолон, намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, хонандагону устодони мактаби номбурда иштирок  намуданд.

Зикр гардид, ки Наврӯз мардум гирди хони идона ҷамъ омада, нақшаҳои ободкориву созандагӣ мекашанд, хонаву кошона ва макони зисташонро поку озода намуда, ба зиндагӣ бо диду андешаи нав менигаранд, ки ин навгониву навсозӣ ҷузъе аз фарҳанги қадимаи тамаддунсози мо - тоҷикон буда, нишонаи кӯшиш барои беҳтар зистан, шукронаи табиат ва неъматҳои онро ба ҷо овардан мебошад. Тавре аз сиришту таърихи ин ҷашн бармеояд, Наврӯз борҳо бо ҳодисаву монеаҳои сиёсиву иҷтимоӣ дучор гардида, бо мазмуну мӯҳтавои зиндагисози худ ҳамчун ойини покиву зебоипарастӣ ва ҷашни хоси табиат побарҷо мондааст.

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...