Навгонӣ

Ислом Саломовро ба роҳи охират гусел намудандИмрӯз дар театри Хоҷа Камоли Хуҷандӣ маросими видоъ бо Арбоби хунар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд, яке аз поясутунҳои театри тоҷик, ҳунарманди забардаст Ислом Саломов сурат гирифт.

Сардори Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе Обид Назаров, сардори Раёсати фарҳанги вилояти Суғд Ориф Набиев, Ҳунарманди мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷӯрабев Муродов, раиси бахши суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод, ҳунарпеша Асрор Камолиддинов ва Ҳунарманди мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон Майрам Исоева ин мусибатро талафоти калон ба миллати тоҷик, алалхусус ба аҳли илму фарҳанг арзёбӣ намуданд.

Ёдбуд ба ифтихори 100 солагии Усмон ҚосимовДар толори Кохи «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд маҳфили ёдбуд ба ифтихори 100 солагии Арбоби намоёни давлатию ҷамъиятӣ Усмон Қосимов бо иштироки ҳамкорон, шогирдон ва пайвандон баргузор гардид.

Рустам Раҳматзода, муовини аввали Раиси вилояти Суғд маҳфилро оғоз бахшида иттилоъ дод, ки Усмон Қосимов аз чеҳраҳои мондагор ва шахсияти барҷастаи қарни ХХ буда, ҳаёт ва фаъолияти меҳнатии худро ба бунёдкорӣ ва ободии диёр бахшидааст. Зиндагиномаи ӯ намунаи барҷастаи хизмат ба халқу Ватан ва дарси ибрати тамоми наслҳои минбаъда аст. Маҳз аз ин хотир маҳфили мазкур дар заминаи Қарори Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҷараён мегирад.

Спартакиада дар факултети №4-и Академияи ВКДДар факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон спартакиадаи варзишӣ байни ҳайати кормандон, шунавандагон ва курсантони ин муассисаи таълимӣ бахшида ба соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд аз рӯи намудҳои варзишӣ футбол, волейбол, кашидани вазн, давидан ба басофаи 100м шашка, шоҳмот ва бандкашӣ спартакиада баргузор ва натиҷагирӣ карда шуд.

Дар мусобиқаи футбол ҷои якумро  дастаи «Курсантони курси 4», дар намуди волейбол мақоми аввалро дастаи «Курсантони курси 1» ба даст оварданд.

Курсанти курси 1 Эҳром  Зулқайнаров  дар намуди «Кашидани вазн» дастболо шуда, ба марра дар масофаи 100 метр аввалин шуда Самандар Бекбобоев,  курсанти курси 3 омада расид.

altБо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон рӯзҳои 12-13 майи соли равон дар назди Театри мазҳакавӣ-мусиқии ба номи Хоҷа Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд ярмарка - фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва маводи озуқаворӣ баргузор мегардад.

Дар ярмарка кишоварзони шаҳру ноҳияҳои вилоят, корхонаҳои паррандапарварӣ, иттифоқҳои матлуботи вилоят, соҳибкорон ва дигар хоҷагиҳои ёрирасон маҳсулоти хушсифатро нисбат ба нархҳои бозор арзонтар пешниҳоди сокинон менамоянд.

Ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва маводи озуқаворӣ соати 8-00 оғоз меёбад.

Марҳамат ба ярмарка!

Ташрифи сармоягузорони Шоҳигарии Арабистон ба ХуҷандЯк гуруҳи калони сармоягузорони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ таҳти роҳбарии сафири Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон, Абдулазиз ибни Муҳаммад ал-Бодӣ вориди шаҳри Хуҷанд шуданд.

Меҳмононро Ҷамшед Абдуқаюмзода муовини Раиси шаҳри Хуҷанд ва устодону донишҷӯён ва соҳибкорон бо риояи таомули анъаноти миллӣ самимона пешвоз гирифтанд.

Абдулазиз ибни Муҳаммад ал-Бодӣ аз пазироии сатҳи баланд изҳори хушнудӣ намуда, миннатдории ҳайати меҳмононро ба сокинони шаҳри Хуҷанд расонд.

Ҳадафи ташрифи соҳибкорони арабӣ шиносоӣ аз фазои сармоягузорӣ дар шаҳри Хуҷанд, ба роҳ мондани ҳамкорӣ ва ҳамзамон иштирок дар Форуми муштараки сармоягузорӣ  ва соҳибкории вилояти Суғд мебошад.

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...