Навгонӣ

alt12 июни соли равон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба минтақаи саноатии шаҳри Хуҷанд ташриф оварда, бо ҷараёни васлу насби таҷҳизоти муосир дар корхонаи коркарди “Санги хоро” шинос гардид.

Тавре иттилоъ дода шуд, айни замон дар корхонаи мазкур корҳои васлу насби таҷҳизот идома дорад ва дар назар аст, ки иқтидори истеҳсолии корхона ба маротиб афзун карда шавад.

Раиси вилоят дар суҳбат бо роҳбарияти корхона иброз дошт, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар заминаи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бунёду фаъол намудани корхонаҳои саноатӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ  таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, дар ин раванд ҳар як иқдоми неки соҳибкоронро дастгирӣ менамояд. Таъкид гардид, ки ашёи хом барои корхонаи бунёдшаванда ба таври фаровон мавҷуд аст ва барои афзун намудани иқтидори истеҳсолӣ ва коркарди бештари санг бояд таҷҳизоти замонавӣ ва муосир ворид карда шавад.

altДар Муассисаи давлатии «Маркази солимгардонии норасоӣ ва ҳифзи кӯдакон»-и шаҳри Хуҷанд чорабинии идона бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва Иди саиди Фитр таҳти унвони «Кӯдакон-ганҷинаи ҳастии миллат» баргузор гардид.

Аҳли тарбиятгирандагони ин Марказ бо шеъру сурудҳои ватандӯстонаю меҳанправарона дили ҳозиринро саршори муҳаббат намуданд. Рақсҳои ҷолиби гулдухтарон ва саҳнаҳои тарбиявӣ аз саҳифаҳои  зиндагӣ бо маҳорати баланд иҷро ва намоиш дода шуданд.

Муассисаи давлатии «Маркази солимгардонии норасоӣ ва ҳифзи кӯдакон»-и шаҳри Хуҷанд Тӯҳфанисо Эргашева  чорабиниро натиҷагирӣ карда аз ҷумла афзуд, ки «Мардуми шарифи Тоҷикистон дар рӯзҳои иду ҷашнҳо ва ҳам дар рӯзҳои дигар суннатҳои неки инсондӯстиву сулҳпарварии аҷдоди некноми худро идома бахшида, барои сулҳу суботи ҷовидона, таҳкими ваҳдати миллӣ, ободиву тараққиёти Ватани азизамон ва оромиву осоиши ҳар як хонаводаи тоҷик дуои хайр мекунанд.

Дастоварди бузургтарини мо дар тӯли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барқарор намудани сулҳу суботи комил ва ваҳдати пойдории миллӣ, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ, болоравии ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ дар миёни тамоми табақаҳои ҷомеаи Тоҷикистон аст, ки маҳз ба шарофати хиради азалии мардуми соҳибмаърифату фарҳандӯсти тоҷик муяссар гардид. Имрӯз шукргузор аз онем, ки дар фазои сулҳу оромӣ зиндагӣ ва кору фаъолият мебарем.

Сулҳ барои мо, тоҷикон, бо нархи ҷон муяссар гаштааст. Маҳз бо кӯшишу ҷонбозиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон абрҳои сиёҳ фазои сиёсии Тоҷикистонро тарк карданд. Дар натиҷа сулҳу ваҳдати миллӣ, якдигарфаҳмӣ ба вуҷуд омад ва миллати тоҷик аз маҳвшавӣ эмин монд.

Истиқлолияти давлатии ҷумҳурии Тоҷикистонро Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, ки соли 1997 ба имзо расид,боз ҳам мустаҳкам намуд.  Мардуми кишвар зери Парчами Истиқлолият ва ғояҳои Ваҳдати миллӣ дастовардҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва ватани соҳибистиқлоли хешро беш аз беш афзун мегардонад.

alt

Ҳамшаҳриёни азиз!

Иди саидро аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба кулли ҳамдиёрони арҷманд муборакбод гуфта, имону ибодати комил, рӯзгори обод ва неъмати фаровонро таманно менамоям.

Дар суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид гардидааст, ки Тоҷикистон ҷаннати воқеии рӯи замин ва мардумонаш покнажоду боимонанд.

Бо итминони комил метавон гуфт, ки намозу ибодати аҳли диёр чун ворисон ва пайравони мазҳаби фарзанди фарзонаи миллат Абӯҳанифа Имоми Аъзам ҳамешагӣ намози шукронаву садоқат ба Ватан ва саодати ҷомеа хоҳад буд. Зеро танҳо бо орзуи хушбахтии халқ ва хизмати содиқона ба нафъи ҷамъият ҳар фард метавонад бар маснади бузургиву шукӯҳ, хонаободӣ ва муҳаббати илоҳӣ мушарраф гардад.

Аз оғози ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба яке аз масъалаҳои муҳим ба монанди таъмини амнияти минтақавӣ ва миллӣ дучор гардид, ки хатари он дар солҳои ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997 баръало мушоҳида гардид.

Солҳои охир зӯроварӣ, фишороварӣ, экстремизм ва терроризм барин мафҳумҳо зиёд ба гӯш мерасанд ва тавассути воситаҳои ахбори омма маълумотҳо расонида мешаванд.

Ифротгароӣ ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро поймол мекунад. Он асосҳои маънавии ҷомеаро вайрон намуда ба амнияти ҷаҳон ва минтақа, аз ҷумла, ба Тоҷикистони азизи мо низ таҳдид мекунад. Террор содир намудани амалҳое мебошад, ҳки хатари маргро ба миён меоварад, мақсади ҷисман бартараф кардани рақиби сиёсӣ мебошад, вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул кардани қарорҳо мебошад.

Имрӯз терроризм беш аз пеш хусусияти глобалӣ касб мекунад. Он дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман паҳн карда, хатари бузургӣ иҷтимоӣ дорад ва барои амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақаҳо воқеан таҳдид эҷод менамояд. Тоҷикистон, ки ҷанги  шаҳрвандиро аз сари худ гузаронидааст ва бо зуҳуроти зишти ин падидаи ғайриинсонӣ аз наздик ошно мебошад, ҷонибдори пойдору устувори муборизаи қотеъ ва ҳамоҳангшудаи ҷомеаи ҷаҳонӣ бар зидди терроризм  ва  экстремизм аст.

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...