Навгонӣ
20 Июн 2018
Баррасии масоили ҳамкории дуҷониба дар мулоқоти хосаи Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Мамнун Ҳусейн ва бо иштироки ҳайатҳои васеи Тоҷикистону Покистон дар Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт.
Нахуст дар оғози мулоқот Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмони олиқадрро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфтанд.
Президенти мамлакат аз сатҳи робитаҳои сиёсӣ, муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунарсаи кишварҳо изҳори қаноатмандӣ карда, ҷойгоҳи хоси Покистонро дар низоми сиёсати хориҷии Тоҷикистон ҳамчун шарики муътамад махсус таъкид намуданд.
Ҳар ду ҷониб ҳамкории фарогиру созандаи тарафҳо дар соҳаҳои сиёсиву низомӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ ва гуманитариву фарҳангии ҷавобгӯи манфиатҳои милливу дарозмуддати ду кишварро баррасӣ карда, омодагии худро баҳри густариши ҳамгироии минтақавӣ ва таҳкими сулҳу субот дар минтақаи фарохи Осиёи Марказию Ҷанубӣ изҳор доштанд.Муфассал... Шарҳ додан