Навгонӣ

altНимаи дуюми рӯзи 19 июн дар Бӯстонсаройи шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати “Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза алайҳи тамоку” маросими супоридани “Медали Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ” ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид.

Мукофоти олиро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намояндаи Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ Игор Поканевич супорида, ба саҳм ва нақши Президент ва Ҳукумати кишвар баҳри таъмини солимии ҷомеа баҳои баланд дод.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарфароз гаштан ба ин шарафи бузургро пеш аз ҳама самараи заҳмату талошҳои пайвастаи тамоми ҷомеаи Тоҷикистон дар роҳи ташаккули тарзи ҳаёти солим арзёбӣ карданд.

alt19 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” гуруҳи намояндагони доимии як қатор кишварҳои хориҷӣ дар назди Созмони Милали Муттаҳидро ба ҳузур пазируфтанд.

Зимни мулоқот маҷмуи васеи масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷ ва бо яке аз ташкилотҳои бонуфузи сайёра - Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ карда шуд.

Қабл аз оғози мулоқот Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи иштирокчиёни ҳамоиши сатҳи баландро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфтанд.

Бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Ҷаноби Олӣ Мамнун Ҳусейн 18 - 19 июни соли 2018 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари расмӣ анҷом дод. Ҳамзамон Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Ҷаноби Олӣ Мамнун Ҳусейн дар Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” дар таърихи 20 – 21 июни 2018 иштирок хоҳад кард. Аз Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон ва ҳайати ҳамроҳи ӯ истиқболи гарму самимӣ сурат гирифт.

2. Мулоқоти хоссаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Ҷаноби Олӣ Мамнун Ҳусейн баргузор гардид ва дар пайи он нишати васеи ҳайатҳо бо ҳузури ҷонибҳо доир гашт.

alt19 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Луи Женминро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он баррасӣ карда шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қаноатмандии худро оид ба дастгирии Созмони Милали Муттаҳид аз ташаббусҳои ҷаҳонии ҷониби Тоҷикистон дар самти ҳалли мушкилоти глобалӣ иброз доштанд.

Ҷонибҳо ба нақши Департаменти Созмони Милал оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар татбиқи ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи об баҳои арзанда доданд.

altМуҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори умум,
Хонумҳо ва ҷанобон,

Нахуст, бори дигар ташрифи Ҷаноби Олӣ Мамнун Ҳусайн, Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон ва ҳайати ҳамроҳашро ба Тоҷикстон хайрамақдам мегӯям.

Ҷумҳурии Исломии Покистон дар сафи шарикони калидии мо қарор дорад.

Мо аз раванди рушдёбандаи тамосҳои сиёсии Тоҷикистон ва Покистон, аз ҷумла дар сатҳи олӣ, изҳори қаноатмандӣ менамоем.

Музокироти имрӯзаи мо дар фазои барои муносибатҳои ду кишвар хоси ҳамдигарфаҳмии пурра, созандагӣ ва ҳусни эътимоди комил доир гаштанд.

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...