Навгонӣ
25 Июн 2018
25 июни соли 2018 дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Истаравшан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хиёбони Исмоили Сомонӣ Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро расман ифтитоҳ намуданд.
Сохтмони Нишони давлатӣ моҳи марти соли 2018 оғоз шуда, моҳи июни соли ҷорӣ пурра ба анҷом расонида шудааст.
Нишони давлатӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллии шаҳр ба маблағи 1,5 миллион сомонӣ бунёд гардида, баландии он 24 метрро ташкил медиҳад.
Фармоишгари иншоот шуъбаи сохтмони асосии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан буда, лоиҳакаш корхонаи фаръии воҳиди давлатии «Лоиҳакаш»-и шаҳри Истаравшан, пудратчӣ Ҷамъияти саҳҳомии шакли кушодаи «МПМК Уротеппа» мебошад.Муфассал... Шарҳ додан
Мақолаҳои боқимонда...
- Ифтитоҳи бинои маъмурии Маркази адлия дар ноҳияи Шаҳристон
- Ба истифода додани бинои хобгоҳи интернати наздимактабӣ ба номи Додоҷон Бойматов дар ноҳияи Шаҳристон
- Боздид аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва боғи интенсивии кооперативи тиҷоратии «Шаҳристон»
- Ифтитоҳи бинои нави шуъбаи ҷарроҳӣ ва эҳёи Беморхонаи марказии ноҳияи Шаҳристон