Навгонӣ
18 Июл 2018
Раванди бунёдкориву созандагӣ яке аз рисолати асосии шаҳрвандии мо ба ҳисоб рафта, дар ин ниҳод бинокорони шаҳри Хуҷанд саҳми назаррас гузошта истодаанд.
Дар шаш моҳи соли ҷорӣ баҳри сохтмонҳои гуногун дар шаҳри Хуҷанд аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои молиявӣ маблағгузории асосӣ 91,9 миллион сомониро муайян гардида, ба маблағи 73,8 миллион сомонӣ корҳои сохтмонию васлкунӣ ба анҷом расонида шудааст, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта мутаносибан 34,8 дар сад ва 22,8 дар сад афзоиш ёфтааст. Яке аз манбаъҳои корҳои ба сомонрасида, ин маблағгузорӣ аз ҳисоби маблағҳои мутамарказ буда, аз ин сарчашма дар ҳаҷми 33,7 миллион сомонӣ корҳои сохтмонӣ ба анҷом расонида шуданд.
Илова бар ин, ба маблағи 91,2 миллион сомонӣ фондҳои асосӣ ба истифода дода шуда, он нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта ба маблағи 45,7 млн. сомонӣ ё 2 маротиба афзоиш ёфтааст.