Навгонӣ
19 Июл 2018
Ҳоло дар қаламрави кишвар, аз ҷумла дар шаҳри Хуҷанд тамоюли мусбати рушди иқтисодиётӣ дар шароити марҳила ба марҳила амалӣ гардидани ҳадафҳо оид ба таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва амнияти озуқаворӣ, рушди инфрасохтори нақлиёт, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди бахши хусусӣ, алалхусус дар самти истеҳсолӣ ва таҳкими робитаҳои хориҷӣ идома дорад.
Дар рушди бемайлони иқтисодиёти шаҳр муомилоти гардиши молҳо саҳми арзанда дошта, ҳаҷми он нимсолаи якуми соли 2018 ба 1581 млн. сомонӣ расида, ҳаҷми хизматрасониҳо 579,8 млн. сомониро ташкил дода, онҳо нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта бо нархҳои ҷорӣ мутаносибан 46,6 ва 25,5 дар сад афзоиш ёфтаанд.Муфассал... Шарҳ додан