Навгонӣ
20 Июл 2018
Дар маҳаллаи Сари баландии шаҳри Хуҷанд ба азнавсозии кӯдакистони №3 бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода, ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода санги асос гузошта шуд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода назди кормандони соҳаи маориф баромад карда аз ҷумла афзуд, ки ҳанӯз дар замони Иттифоқи Шӯравӣ кӯдакистони №3 ба ҳолати садамавӣ афтода буд. Аз баракоти Истиқлолияти давлатӣ аст, ки имрӯз барои бунёди бинои наву замонавии кӯдакистон бо харҷи маблағҳои буҷаи маҳаллӣ хишти аввал гузошта мешавад. Ин гуна азнавсозиҳои кӯдакистонҳо дар ояндаи низ давом дода шуда, дар марҳилаи наздиктарин кӯдакистонҳои дигари шаҳр, ки дар ҳолати ногувор ва садмавӣ қарор доранд, азнавсозӣ мешаванд.Муфассал... Шарҳ додан