Навгонӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Сарвари давлат Президенти кишвари дӯстро бо ҷашни  зодрӯзаш самимона муборакбод намуданд.

Дар идомаи суҳбат Пешвои миллат таманниёти беҳтарини худро ба ҳамтояшон иброз намуда, дастовардҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистонро дар арсаи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ таҳти роҳбарии Шавкат Мирзиёев ва талошҳои пайвастаи ӯро ҷиҳати беҳтар ба роҳ мондану  тавсеа бахшидан ба робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои самарабахш миёни кишварҳои минтақа таъкид карданд.

Ҷонибҳо ҳамчунин масъалаҳои муносибатҳои ҳусни ҳамҷавории Тоҷикистону Ӯзбекистон ва дурнамои рушди ҳамкориҳои ду кишварро дар ҳамаи ҷабҳаҳо мавриди муҳокима қарор доданд.

Дар ин замина Президентҳо  ҷиҳати саъю талошҳои муштараки минбаъда ба хотири пешбурди муносиботи шарикии ду кишвар мутобиқ ба манфиатҳои аслии мардумони бародар изҳори ақида намуданд.

(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

altДирӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони як қатор вазорату идораҳои давлатӣ, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва фаъолони пойтахт машварати корӣ доир намуданд.

Дар машварат бо натиҷагирӣ аз рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Душанбе дар нимсолаи якуми соли 2018 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки барои расидан ба ҳадафҳои олии созандагию бунёдкории роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истиқболи ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои муҳим бояд аз пештара бештар тақвият дода шаванд.

altДар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри дастгирии оилаҳои камбизоат, ятимону маъюбон ва шахсони яккаву танҳо, аз ҷиҳати саломатӣ нуқсон дошта нуқтаи хайру эҳсони маҳаллаи «Ваҳдат»-и шаҳри Хуҷанд амалҳои хайрхоҳона анҷом медиҳад.

Тавре, ки сардори ин нуқтаи хайргузор Нуъмон Ҳасанов зикр дошт, ки «Аз рӯзҳои аввали фаъолияти нуқта 600 нафар шахси саховатпешаи шаҳри Хуҷанд ба нуқта либоси занона, мардона, бачагона, пойафзол, асбобу анҷоми зиёдатии рӯзгори худро супурданд. Дар ин муддат 5200 нафар ба нуқта муроҷиат намуда, либосу пойафзол, чиниворӣ, техникаи хонаро ройгон гирифтанд. Айни замон дар нуқта 180 адад либоси занона, 120 адад либоси мардона, 210 адад либоси бачагона, пойафзол, асбобу анҷоми рӯзгор интизори соҳибони нав мебошанд.

altКулли кормандони соҳаи нақлиёти автомобилиро аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо самимият ва эҳтироми афзун табрик намуда, барояшон тани сиҳату хотири ҷамъ, табъи болидаю рӯзгори обод ва дар фаъолияти минбаъда ба хотири рушду тараққии соҳа комёбиҳои тоза таманно мекунам.

Нақши соҳаи нақлиёти автомобилӣ дар рушди иқтисодиёт ва дар ин радиф беҳдошти сатҳи иҷтимоии аҳолӣ, ободонию зебоии шаҳр басо назаррас аст. Аз ин рӯ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди инфрасохтори нақлиёти автомобилӣ, аз қабили сохтмону таҷдиди роҳҳо ва иншоотҳои он таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамоянд. Тавре ки Пешвои муаззами миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон қайд намудаанд:

altТобистон айёмест, ки ба инсоният баробари бахшидани нерӯ, муаммоҳоро низ пеш меорад. Аз он ҷумла, гармии аз ҳад зиёди ҳаво аст, ки нурҳои баланди офтоб метавонанд ба организми инсон таъсири амиқ расонанд. Тибқи маълумоти мутахассисони ин соҳа ҳарорати баланд ва пасти муҳити беруна ба вайроншавии мубодила таъсир расонида, сабабгори гармшавии аз ҳад зиёди одам мешавад.

Маркази назорати давлатии снитарию эпидемиологии шаҳри Хуҷанд ҳам вобаста ба гармшавии ҳарорат қарори дахлдор бароварда, як қатор чорабиниҳоро зери назорат гирифтааст.

Бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои нохуш, заҳролудшавӣ аз мавод ва маҳсулоти қаннодии кремдор, нӯшокиҳои хонагии ташнагишикан, хуришҳои дар шароити хона тайёркардашуда, ҳамзамон бо ҳадафи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ дар марҳилаи фасли гармо истеҳсоли маҳсулоти қаннодии кремдор дар муассисаҳо, новобаста аз шакли моликият ва тобеъият, ки хулосаи санитарию эпидемиологии мақомотҳои назорати давлатии санитарию эпидемиологиро надоранд, манъ карда шуд.

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...