Навгонӣ

altНОБ-и Роғун партави нуру зиёи тоҷикон,
Парчами Тоҷикистон кард ҷилвагар андар ҷаҳон. 
Бунёдаш гаштааст шоҳкории асру замон,
Чунки гаштааст обод бо дасти фотеҳони ҷавон.
Баҳри бунёдаш шабу рӯз фотеҳон карданд кор,
Дар сарду гармии зиндагӣ лаҳзае роҳат надиданд. 
Дошт умедҳо тоҷикон баҳри бунёдаш басе,
Баъди бунёдаш ҳазорон манфиат хоҳад бидид. 
НОБ –и Роғун барқи даҳру барқи тоҷик гаштааст,
Қандили кошонаҳо пур аз зиё гардидааст.

altИҷлосияи ХУI -уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд аз ҷониби нерўҳои солимфикри ҷомеа баргузор гардид, имконият дод, ки Тоҷикистон соҳиби Ҳукумати қонунӣ гардад ва тоҷикон роҳбару Пешвои хешро интихоб намоянд. Ва ин шахс Эмомалӣ Раҳмон буданд. Бори аввал дар таърихи навини давлатдории халқи тоҷик шахсе ба маснади давлат баромаданд, ки воқеан миллӣ ва аз миёни халқи заҳматкаш буданд ва аз орзуву ормон ва дарди миллат воқиф буданд. 

Аз он давраи ҳассос ва тақдирсоз, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарварии ҷомеаро ба ўҳда доранд, бо равшанӣ маълум гашт, ки ин марди сарсупоридаи миллат дар сиёсат аз истеъдоди фитрӣ ва аз сифатҳои муҳими сиёсатмадори барҷаста бархўрдор ҳастанд.

Имрўз мардуми Тоҷикистон бо дилҳои лабрез аз фараҳу шоди ифтитоҳи НБО Роғунро ҷашн мегиранд. Ҳама хушҳоланду ҳамдигарро табрик мегуянд. Ба ин хурсандии мардуми мо намояндагони кишварҳои дигар ҳам шариканд ва ҷиҳати иштирок дар тантанаҳо ба Тоҷикистон ташриф овардаанд.

altИмрӯз дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба таҷлили бошукуҳи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикстон ва ба истифода додани агрегати якуми НБО "Роғун" бо ибтикори бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд дар якҷоягӣ бо Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқи демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд "Созандагони Ватан", аксияи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони "Бо Президентам ифтихор мекунам!" ва "Роғун ояндаи дурахшони мо!" дар марказҳо, кӯчаву хиёбонҳо ва боғҳои фарҳангиву фароғати шаҳри Хуҷанд ташкил ва гузаронида шуд.

Дар Аксияи тарғиботи зиёда аз 80 нафар ҷавонони фаъол, гирандагони стипендияҳои Президентӣ, Раиси шаҳри Хуҷанд ва волонтёрон иштирок намуданд, дар натиҷа беш аз 500 адад маводҳои иттилоотӣ дар мавзуи "Бо Президентам ифтихор мекунам!" ва "Роғун ояндаи дурахшони мо!" паҳн карда шуд.

Фирориёни террорист ва ифротии наҳзатӣ, ки имрӯз дар хориҷи кишвар паноҳ мебаранд, дар ҳамин шабу рӯзе, ки мардуми тоҷик ба оғози кори чархаи аввалини НБО Роғун омодагӣ мебинанд ва ба як руҳияи ҷашнӣ онро истиқбол мегиранд, боз эҳсоси манфур ва зиддимимллии хешро нишон дода, ҳаводиси ҳафтаи қабл дар зиндони шаҳри Хуҷанд рухдодаро бо тарзи барои худашон манфиатнок  шарҳ медиҳанду аз он суиистифода карданӣ мешаванд.  Аз хабари расонаҳо пайдост, ки ин амалро гурӯҳи ҷинояткорони хатарнок анҷом додаанд ва мақсадашон куштани маъмурони зиндон ва фирор аз он ҷо будааст.

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...