Навгонӣ

Ба кор даромадани агрегати аввали нерӯгоҳи Роғун бо ширкати мақомот, депутатҳо ва ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон баргузор шуд. Ҳамаи намояндаҳои ҳизбҳо изҳор доштанд, ки Роғун ормони миллии тоҷикон буд ва акнун Тоҷикистон ба пешрафтҳое даст меёбад. Пешрафтҳое, ки то се сол пеш ҳизби террористиву экстремистии наҳзат аз онҳо ба мардуми тоҷик афсонаҳо мегуфт. Вале ҳоло ин афсонаро мардуми тоҷик таҳти раҳбарии пешвои худ воқеӣ мекунад.

Имрўз мардуми Тоҷикистон бо дилҳои лабрез аз фараҳу шодӣ ифтитоҳи НБО Роғунро ҷашн мегиранд. Ҳама хушҳоланду ҳамдигарро табрик мегуянд. Ба ин хурсандии мардуми мо намояндагони кишварҳои дигар ҳам шариканд ва ҷиҳати иштирок дар тантанаҳо ба Тоҷикистон ташриф овардаанд.

Аммо ин ҳама ҷашну сурур бадхоҳони миллатро баръакс ғамгину сархам кардааст ва онҳо ба воҳима афтода чи кор карданашонро намедонанд. Яке аз чунин нафарон журналисти номуваффақ Ҳумайрои Бахтиёр аст, ки дар ғарибиҳо саргардон буда, имрўз беқарор шудааст ва матлаби пучу ҳарзаеро дар сомонаи ифротии Сайидюнуси ҳамдаму ҳамнафасаш ҷой додааст. Албатта ин амали нангинро Ҳумайро бо супориши хуҷаини террористаш Кабирӣ содир кардааст. Аз навиштаи Ҳумайро бармеояд, ки имрўз дили бадхоҳаш оташ гирифтааст ва месўзад. Тарс аз он дорем, ки боз сухта тамом нашавад.

1. МАЗО МО МАЗО

"Гузашт он чи гузашт".

Аз гузаштаи Муҳиддин Кабирӣ ҳарфи зиёде намегӯям, зеро саргузашташ сар надорад. Миёни як ҳизби сиёсии собиқадорро бишкаст. Даҳҳо нафар кушта ва зиндон шуданд. Садҳо нафар хонахез рӯ ба муҳоҷират оварданд. Агар Кабирӣ инсоф медошт ҳатман истеъфо медод. На он истеъфоҳои пуркарашма ва барои худнамоӣ, ки соли гузашта дар чанд маҷлиси раёсати наҳзат аз забони ӯ садо дода буд. Ӯ дигар куҷо хоҳад ёфт ин биҳиштро? Пули бедардимиён, лаббайкзании тамаллуқпешагон, саногӯии косалесон, таъзими соддадилон, рағбати бонувон. Ин ҳам навъе аз гирифторӣ ва мӯътодист.

"Зиракӣ"-и сиёсии пешвои наврустаи исломиёни тоҷик дар остони хонадонаш анҷом ёфт. Бале, Кабирӣ замоне писархонди ҳукумат буд. Бештар ӯ мудири бахши кор бо созмонҳои диниро дар дастгоҳи президент ба ёд меовард. Шоҳидони ҳол мегӯянд, ки пайваста ба Кумитаи амнияти миллӣ ҳисобот медод, ки "ҳарорат"-и мазҳабиён чанд аст ва "набз"-ашон чӣ тавр метапад.

Ахиран дар шабакаҳои иҷтимоӣ радду бадалҳои рўзноманигор Ҳарамгули Қодир бо фаъолони ТТЭ ҲНИ баҳси гармеро ба вуҷуд овардааст. Муҳтавои баҳс ин аст, ки Ҳарамгули Қодир иддаои онро мекунад, ки соли 2015 намояндагони ҳизби «Адолат»-и Туркия ба ТТЭ ҲНИ ҷиҳати озод намудани адвокати зиндонӣ Бузургмеҳр Ёров маблағи пулӣ додаанд. Аммо ин маблағи пулиро сухангўйи наҳзат Бобоҷони Қаюм (Бобоҷон Қаюмов) аз худ кардааст. Хуб, он чи ки Ҳарамгул дар қолаби як баҳс бо наҳзатиҳо ироа доштааст, бедалел буда наметавонад, зеро ки Ҳарамгул солҳои пештар бо роҳбарияти ТТЭ ҲНИ дар сатҳҳои гуногун ҳамкорӣ кардааст ва муддате аз ҳавохоҳони он ҳам ба шумор мерафт. Аммо асли қазия фаротар аз он аст, ки Ҳарамгул мегўяд. Илова бар ин, баҳси истифода ва ё сўйистифода аз сармоягузориҳои берунӣ аз ҷониби раҳбарияти наҳзатӣ баҳси тозае низ нест.

Табиати инсонҳои  аъмолашон нопок ва гузаштаашон пурдоғ чунин аст, ки ҳамагуна вокуниш ва андешаронӣ дар ҷомеаро ба худ рабт дода, моҳиятан ба “девори намкаш” табдил меёбад. Ин “бузургон” ончунон ба ин “образ” медароянд, ки агар Худо накарда тавассути расонае, дар мавриди ҷинояту ҷинояткорон иттилое паҳн гардад, филфавр обсофкунакҳояшон фаъол мешаванд.

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...