19 Январ 2019
Имрӯз бо яке ҳамкурсонам вохӯрдам, ки аз яке аз деҳаҳои Ҷиргатол ба пойтахт барои гирифтани дипломаш омада буд. Тибқи муқаррарот баъди се соли корӣ аз рӯи ихтисосаш метавонад нусхаи аслии дипломашро аз донишгоҳ гирад. Ҳамин тавр, мо вохӯрдем ва якҷоя гаштугзор кардем. Аз пешравиҳои пойтахти мамлакат бениҳоят ба ваҷд омада буду, бо хурсандиву ҳаяҷону эҳсосот оид ба зебогиву пешрафти кишвар сухан мегуфт. Нақл кард, ки ёд дорад аёми кӯдакӣ, ки ба солҳои аввали истиқлолият рост меомад, чи гуна зиндагии вазнин дошт, чи гуна роҳҳои душворгузару маргбор, чи гуна қаҳтиву гушнагӣ буд, чи гуна ҷангу одамкушиву бесарусомонӣ буд.... ба ёд меоварду дар чашмонаш ашк ҳалқа мезад ва ҳазорон маротиба шукри тинҷиву амонӣ ва ободиву гулгулшукуфии Ватан мекард. Аз ободии марказҳои ноҳияву шаҳрҳо, ободии кӯчаву шоҳроҳҳо, чароғонии доимии мамлакат сухан мегуфту, чун кӯдак хурсандӣ мекард.