Навгонӣ

Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд таҳти роҳбарии Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода бо иштироки муовини аввал, муовинони Раиси шаҳр, роҳбари дасгтгоҳи Раиси шаҳр, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мудирони шуъбаю роҳбарони сохторҳои воҳидӣ, сарварони идораву ташкилот ва муасссисаҳои шаҳр ҷаласаи васеъи шаҳрдорӣ баргузор гардид.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода нахуст таваҷҷуҳи иштирокдорони ҷаласаро ба иҷрои дастуру супоришҳои ироанамудаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси васеъи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки доир ба ҷамъбастии соли 2018 санаи 21-уми январи соли ҷорӣ баргузор гардид, ҷалб намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки мо бояд пеш аз ҳама ба масъалаи афзун намудани ҳаҷми истеҳсолоти ватанӣ ва ба ин васила кам намудани молҳои содиротӣ азм намоем. Роҳбари Давлат изҳори нигаронӣ намуданд, ки соли 2018 барои истеъмоли ҳаррӯзаи мардуми кишвар бо асъори хориҷӣ маҳсулотҳои рақобатпазир аз ҷумла шириниҳо, обҳои ташнашикан, нӯшокиҳи спиртӣ, гӯшти мурғ, ҳасиб ва ғайраҳо ба миқдори калон ворид шудаанд. Ин дар ҳолест, ки чунин номгуйи маҳсулот дар мамлакат истеҳсол мешаванд. Мо бояд баҳри омӯзиши бозори истеъмолӣ афзун намудани ҳаҷми истеҳсолот ва содироти ин номгуйи маҳсулот кӯшиш намоем.

Дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо иштироки муовини аввали Раиси вилояти Суғд Хол Ҳайдар ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода бо роҳбарони корхонаҳои саноатии шаҳр мулоқот баргузор гардид.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода вохӯриро ифтитоҳ намуда, аз ҷумла зикр дошт, ки ин тадбир бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба эълон намудани саноатикунонии босуръати иқтисоди миллӣ, ки ҳамчун ҳадафи чоруми стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардидааст, баргузор мешавад. Дар Паёми навбатии худ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла зикр доштанд, ки «Мо бояд фаъолияти худро доир ба ҷалби сармояи мустақим, бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ, ба кор андохтани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда ва ташкили ҷойҳои корӣ вусъат бахшем».

Дар толори КВДК «Хуҷандобуканал» доир ба натиҷаҳои амалишавии лоиҳаи «Марҳилаи 3-юми барномаи беҳтаргардонии низоми таъминоти оби нӯшокӣ ва рафъи партоб»-и шаҳри Хуҷанд дар соли 2018 бо иштироки гуруҳи иҷроиши лоиҳа, аз ҷумла фармоишгар, пудратчиён ва мушовирон ҷаласа баргузор гардид.

Носир Ғафурзода директори генералии КВДК «Хуҷандобуканал» ҷаласаро оғоз намуда, аз ҷумла зикр дошт, ки дар шаҳри Хучанд бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Созишнома «Оид ба ҷудо намудани маблағ барои марҳилаи 3-юми лоиҳаи барномаи беҳтаргардонии низоми таъминоти оби нӯшокӣ ва рафъи партовоб»-и шаҳри Хуҷанд» бо Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ба имзо расонида шуд, ки он давра ба давра амалӣ шуда истодааст.

Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд бо ҳузури роҳбарони мактабҳои варзишӣ, варзишгарон ва масъулини соҳа аз фаъолияти худ дар соли 2018 натиҷагирӣ намуд.

Абдувосид Ғафуров мутахассиси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд оид ба фаъолияти бахш дар соли 2018 ҳисобот дод.

Иттилоъ дода шуд, ки даҳ самтҳои афзалиятноки соҳаи ҷавонон: иштироки фаъолонаи ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа, шуғлнокии онҳо, таъмини тарзи ҳаёти солим, таҳсилоти муносиб, таъминоти иҷтимоӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои ҷавонон, таъмини мустақилияти иқтисодӣ, тарбияи ватандўстӣ, ахлоқи ҳамида ва фарҳангдўстӣ, ҷанбаҳои илмию амалӣ ва методии сиёсати давлатии ҷавонон муайян гардидааст ва аз рӯйи он корбарӣ сурат гирифт.


(1 овоз, миёна 3.00 аз 5)

Амири беватан хору залил аст,

Гадо гар дар Ватан мирад, кабир аст.

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...