Навгонӣ
29 Ноябрь 2017
Недоступен ни однин перевод.
Дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятии шаҳр баргузор гардид. Раиси шаҳри Хуҷанд, Раиси Шӯрои ҷамъиятии шаҳр Маъруф Муҳаммадзода ҷаласаро ифтитоҳ намуда, аъзои Шӯрои ҷамъиятиро бо масъалаҳои баррасишаванда ошно намуд.
Нахуст мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Муяясар Сангинова оид ба ба рафти иҷрои қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз 30 сентябри соли 2014, № 577 “Дар бораи тадбирҳои амалӣ намудани “Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023” дар шаҳри Хуҷанд маълумот дод.
Читать полностью