Навгонӣ
06 Март 2018
Недоступен ни однин перевод.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи таъсиси Боғи “Низомиддин Алишер Навоӣ” Амрро ба имзо расониданд.
Дар асоси Амри мазкур Раиси шаҳри Душанбе бояд барои ба боғи «Низомиддин Алишер Навоӣ» иваз намудани номи боғи «50-солагии ҷавонон», воқеъ дар кӯчаи Беҳзоди шаҳри Душанбе, ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод манзур намояд.
Тибқи дастури дигари Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин боғ пайкараҳои Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ ва Низомиддин Алишер Навоӣ ҳамчун рамзи дӯстии халқҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон гузошта мешавад.Читать полностью