Навгонӣ
02 Май 2018
Недоступен ни однин перевод.
Дастпарвари мактаби захираҳои олимпии шаҳри Хуҷанд, муҳассили МТМУ№18-и шаҳр Муҳаммадалӣ Абдураҳмонов дар Чемпионати Осиё-2018 дар шаҳри Бангкоки кишвари Тайланд сазовори медали биринҷӣ гардид.
Ба ин муносибат истиқболи расмии варзишгар дар назди Кохи «Суғдиён»-и шаҳр бо иштироки варзишгарон, хонандагон ва ҷавонони фаъоли шаҳр дар фазои тантанавӣ сурат гирифт.
Мудири бахши ҷавонон ва варзиши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонов ин дастовардро қадами устувор дар иштирок ба Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс унвон намуда, миннатдории Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзодаро ба варзишгар Муҳаммадалӣ Абдураҳмонов расонд.Читать полностью