Навгонӣ
18 Май 2018
Недоступен ни однин перевод.
Ширкати сайёҳии «Суғдиён-Помир тур», ки сафари 9 ҷуфт оилаҳои шаҳри Хуҷандро ба шаҳри Самарқанд ба дӯш гирифта буд, бо маҳорати баланди касбӣ ва кордонӣ моро роҳбаладӣ менамуданд.
Тибқи барнома санаи 16 майи соли равон соати 14:30 мо аз яке ёдгории асрҳои миёнаи шаҳри Самарқанд- Шоҳи Зинда, ки аз як қатор мақбараҳои сарватмандони Самарқанд иборат мебошад, боздид ба амал овардем.
Маълум гардид, ки дар ин макони таърихӣ ҳамагӣ ёздаҳ мақбара боқӣ мондааст, ки наздикии ҳамдигар давоми асрҳои XIV—XV сохта шудаанд. Ҳоло он, ки дар вақти кофтукови археолог, дар қисми шарқии боқимондаҳои Афросиёб мақбараҳои асрҳои XI—XII ёфт шуданд. Соли 2001 мақбараҳои Шоҳи Зинда дар якҷоягӣ бо дигар сохтмонҳои қадимаи шаҳри Самарқанд ба рӯйхати умуммиҷаҳонии фонди ЮНЕСКО дохил гардиданд.Читать полностью