Навгонӣ
14 Июнь 2018
Аз оғози ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба яке аз масъалаҳои муҳим ба монанди таъмини амнияти минтақавӣ ва миллӣ дучор гардид, ки хатари он дар солҳои ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997 баръало мушоҳида гардид.
Солҳои охир зӯроварӣ, фишороварӣ, экстремизм ва терроризм барин мафҳумҳо зиёд ба гӯш мерасанд ва тавассути воситаҳои ахбори омма маълумотҳо расонида мешаванд.
Ифротгароӣ ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро поймол мекунад. Он асосҳои маънавии ҷомеаро вайрон намуда ба амнияти ҷаҳон ва минтақа, аз ҷумла, ба Тоҷикистони азизи мо низ таҳдид мекунад. Террор содир намудани амалҳое мебошад, ҳки хатари маргро ба миён меоварад, мақсади ҷисман бартараф кардани рақиби сиёсӣ мебошад, вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул кардани қарорҳо мебошад.
Имрӯз терроризм беш аз пеш хусусияти глобалӣ касб мекунад. Он дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман паҳн карда, хатари бузургӣ иҷтимоӣ дорад ва барои амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақаҳо воқеан таҳдид эҷод менамояд. Тоҷикистон, ки ҷанги шаҳрвандиро аз сари худ гузаронидааст ва бо зуҳуроти зишти ин падидаи ғайриинсонӣ аз наздик ошно мебошад, ҷонибдори пойдору устувори муборизаи қотеъ ва ҳамоҳангшудаи ҷомеаи ҷаҳонӣ бар зидди терроризм ва экстремизм аст.Другие статьи...
- Мароми мо сулҳу субот ва оромию пешрафти кишвар аст
- Падидаҳои номатлуби ҷаҳони муосир
- Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр
- Председатель Согдийской области Раджаббой Ахмадзода посетил постояльцев Регионального центра социальных услуг для престарелых и инвалидов города Худжанда