Навгонӣ
19 Июнь 2018
Имрӯз шиногоҳи соҳили дарёи Сир, воқеъ дар кӯчаи Сирдарё макони истироҳату фароғат барои шаҳрвандони дохилию хориҷӣ гардидааст.
Ҷоиз ба зикр аст, ки шиногоҳ ҳанӯз замони собиқ Шӯравӣ фаъол буда, беш аз 20 сол инҷониб бинобар номутобиқатӣ ва хатарнок буданаш шаҳрвандон аз он истифода намебурданд. Мавзуъи аз кор мондани шиногоҳ ва ғарқшавии шаҳрвандон дар 20 соли охир ба мавзуъи асосии расонаҳои кишвар мубаддал гардида буд.
Хушбахтона бо дастур ва дастгирии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ин шиногоҳ дуюмбора фаъол ва ройгон ба шаҳрвандон ба истифода дода шуд.
Бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд ҷиҳати кӯмаки фаврии шаҳрвандон ва хусусан нафароне, ки ба шиногоҳ меоянду маҳорати оббозиро надоранд, ҳамеша омода аст.