Навгонӣ
26 Июнь 2018
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаҳои Иди нон, асал ва зардолу, ки дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Хуҷанд бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор гардид, иштирок карда, бо катбонуҳо, мардони ҳунарманд ва деҳқонони асил мулоқоту суҳбатҳои самимӣ анҷом доданд.
Дар ин ҷо аз ҷониби кишоварзони зарофари шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, ки имрӯзҳо дар ҳама бахшҳои соҳаи кишоварзӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида, барои расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат-таъмини амнияти озуқаворӣ ҳар порча заминро самараноку оқилона истифода мебаранд, асосан маҳсулоти нонӣ, асал ва 35 навъи зардолу ба намоиш гузошта шуд.
Дар намоишгоҳ замбӯрпарварони 12 шаҳру ноҳияҳои вилоят навъҳои гуногуни асал ва прополисро ба маъраз гузоштанд.Другие статьи...
- Мулоқот бо Роҳбари Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) Синичи Китаока
- Маросими ифтитоҳи Меҳмонхонаи замонавии “Киропол” дар хиёбони Истиқлоли шаҳри Истаравшан
- Оғози корҳои сохтмонӣ барои бунёди Маҷмааи миллии соҳибкории 16 - ошёнаи “Роҳи абрешим” дар шаҳри Истаравшан
- Ифтитоҳи Маркази савдо ва хизматрасонии “Фаровон” дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Истаравшан