Навгонӣ
07 Июль 2018
Ҳамасола 8 июл дар саросари кишварамон Рӯзи маъюбон ва пиронсолон таҷлил карда мешавад. Таҷлили ин сана далели эътибори Ҳукумати мамлакат ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати инсонҳоест, ки тамоми умри бобаракаташонро барои ҳарчи хизмати халқу Ватан сарф кардаанду ҳар варақи китоби зиндагиашон дарси панду андарз барои наслҳост, умрашон мактаби тарбияи имрӯзиёну фардоиён аст, шаҳодати таваҷҷӯҳ нисбати ашхосест, ки бо амри тақдир маъюбанд, вале тавассути иродаи матину мустаҳкамашон побанди тақдир нестанд, балки тақдирсозанд, рӯҳафтода намешаванд ва ҳамеша сарбаланданд.
Маъюбону пиронсолони шаҳри Хуҷанд ҳамаҷониба бо дастгирии моддию маънавии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр фаро гирифта шудаанд.