Навгонӣ
30 Июль 2018
Дар чаҳорчӯбаи эълон гардидани 1300 рӯзи ободонию созандагӣ ба истиқболи 30 солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода дар қаламрави шаҳр силсилаи зиёди корҳои ободонию созандагӣ ва сабзу хуррамгардонии муҳити атроф анҷом дода шуда истодааст.
Дирӯз зиёда аз 100 нафар варзишгарони шаҳри Хуҷанд дар ҳудуди Маҷмааи варзишии «20 солагии Истиқлолият» шанбегии умумишаҳрӣ гузаронида, ҳудуд, роҳрав, атрофии майдончаҳои варзиширо рӯбучин карда, хасу хошок ва гилу партовҳои дигарро ҷамъоварӣ намуданд. Зиёда аз 5 мошини боркашон партоф аз ҳудуди маҷмаъаи варзишӣ бароварда шуд.
Дар шанбегию корҳои ободонӣ мураббиён ва варзишгарон дар Муассисаҳои давлатии "Мактабҳои варзиши рақамҳои 1, 2, 3, ва варзишгоҳи Спартак" - и шаҳри Хуҷанд фаъолона иштирок намуданд.