Навгонӣ
01 Сентябрь 2018
Дар замони муосир, ки љомеаи иттилоотӣ мебошад, инсоният ва кишварҳову ҳукуматҳо наметавонанд аз таҳоҷуми хабарӣ дар канор бошанд. Бо ибораи дигар дар љаҳони муосир мамлакатеро, ки дар бунбасти иттилотӣ қарор дошта бошад, пайдо намудан мушкил аст. Тоҷикистон низ ҳамчун як ҷузъи ҷомеи ҷаҳонӣ аз ин ҳолат дар канор нест.
Таври маълум, иттилоот ҳамеша ду ҷанба дорад: мусбӣ ва манфӣ. Аз миёни сели хабарҳо дурӯғ ва воқеиашро ҷудо намудан корест мушкил. Аммо воқеӣ ва дуруст будани хабарҳо аз сатҳи фарҳангу идроки аҳли ҷомеа низ вобаста мебошад. Агар ба таърихи замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон назар андозем, маълум мегардад, ки дар баъзе ҳолат нафарони худхоҳу мансабпарасту ҳангоматалаб барои расидан ба ҳадафи хеш ҷилд-ҷилд китобҳои моломоли дурӯѓу таҳрифи таърихро чоп намудаанд. Роҳбарон ва пайравони Ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ, ки гурӯҳи «фаъоле» дар таҳрифу дурӯғнависӣ буданду ҳастанд, аз ин раванд дар канор нестанд.
Мақсад ва нақшаҳои муғризонаи саркардаҳои аслии ТТЭ ҲНИ, ки комилан аз ғояҳои ифротгароӣ ва террористӣ сарчашма мегирифтанд, дар китобу нигоштаҳои онҳо баръало инъикос шудааст. Ҳадафи сарварону ҳаводрони ТТЭ ҲНИ бо роҳи зӯрӣ ва қатлу куштор ба сари мардум таҳмил намудани фарҳанги бегонаву тафаккури асримиёнагӣ ва дар ин замина дар қаламрави Тоҷикистон таъсис додани давлати исломӣ буду ҳаст. Хушбахтона, ин нафарони манфуру ҷоҳталаб ва бадбахту худбохта ба мақсадашон нарасиданд.Другие статьи...
- Tajikistan. The international community recognized TEO IRP as a terrorist organization. But…
- Тоҷикистон. Ҷомеаи ҷаҳонӣ ТТЭ ҲНИ-ро ташкилоти террористӣ эътироф кардааст. Аммо ...
- Таджикистан. Международное сообщество признало ТЭО ПИВ террористической организацией. Однако…
- Бадгӯии сиёсӣ ва тасвири муғризона