8662
(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)
03 Май 2024
Бо эҳтимоми Раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва Раёсати маорифи вилоят дар МТМУ №28-и шаҳри Хуҷанд бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдат - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқот бо фаъолону намояндагони аҳли ҷомеа ва ходимони дин баён намуданд, оид ба пешгирӣ намудани ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротгароӣ, экстремизм ва терроризм, дур шудан аз бегонапарастӣ ва риояи сару либоси миллӣ, инчунин пешгирии ба анҷом расонидани сафари ҳаҷ аз ҷониби омӯзгорон ва хонандагон, иштирок дар таълимоти ғайрирасмии динӣ, тарбияи худшиносию худогоҳӣ ва ифтихори ватандорӣ дар замири ҷавонон мулоқоти аҳли маорифи вилоят бо сиёсатшиноси шинохтаи кишвар, номзади илмҳои сиёсӣ, Директори Маркази тарғиби адабиёт ва фарҳанги миллии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Абдуллоҳи Раҳнамо баргузор гардид.