03 Феврал 2015
Имсол тамоми майдону гулзорҳои шаҳр бояд ба таври дигар оро дода шуда, ҳусни шаҳр ба тамоми меъёрҳои шаҳрдории дорои маърифати баланд ҷавобгӯ бошад. Дар ин кор пеш аз ҳама ба тозагиву ободонии шаҳр аҳамияти ҷиддӣ додан лозим, -гуфт зимни супориш додан Раҷаббой Аҳмадзода. Сипас, гурӯҳи корӣ бо роҳбарии Раҷаббой Аҳмадзода аз вазъи кӯчаи ҳамшафати хиёбони Исмоили Сомонӣ, мавзеи «Ситораҳои Хуҷанд», гардиши кӯчаи Фирдавсӣ то гардиши кӯчаи ба номи К. Хуҷандӣ ва аз рафти корҳо дар мавзеи «Лавҳаи фахрӣ» шинос шуданд. Дар ин ҷо низ Раиси шаҳр супориш дод, ки дар майдончаҳои ду тарафи кӯчаро гулҳои садбарг шинонда, ниҳолҳои ороишии ҳамешасабз зеб диҳанд. Ҳамчунин дастур дода шуд,ки шохаҳои дарахтони қади роҳро ба тартиб дароварда оброҳа ва ҷӯйборҳои кӯчаҳои шаҳр таъмир карда шаванд. Инчунин, супориш шуд, ки ба намуди берунаи биноҳои дар қади роҳ буда низ аҳамият диҳанд. Ҳаргуна рекламаҳои ноҷоя ва бемазмунро ба тартиб дароранд. Зимни ин рейд ба масъулин супориш дод, ки роҳравҳои кӯчаҳои мазкурро марҳила ба марҳила бо сафолакҳои баландсифати зебо пӯшонанд, то ки роҳгардии пиёдагардон осон шаваду ба ҳусни шаҳр ҳусни дигар зам шавад.
Раиси шаҳр Раҷаббой Аҳмадзода ба мавзеи Лавҳаи шахсони фахрӣ аҳамияти махсус дода, зимни дидан аз он гуфт, ки корҳои азнавсозӣ босифат ва тезтар сурат гирад. Ба пудратчии мавзеи мазкур ПМК-45 супориш дод, ки танҳо масолеҳи сохмонии аълосифатро кор фармоянд.
Лозим ба ёдоварист, ки имрӯз кор дар самти ободонӣ ва гулкорӣ дар шаҳр бо вусъати баланд рафта истодааст. Дар ин раванд ба ҳар яки мо -шаҳрвандон низ зарур аст, ки ба ободониву тозагӣ аҳамияти махсус дода, шаҳрамонро ҳамеша зебо нигоҳ дорем. Зеро, ободонии маҳал ва онро тозаву беолоиш нигоҳ доштан танҳо аз мову шумо вобаста аст. Биёед, шаҳрвандҳои азиз, дар ин кори хайру сахо саҳмгузор бошем!