(3 голоса, среднее 3.67 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Бахши нақлиёт ва алоқа бо мақсади таъмини иҷроиши санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қарорҳои Раиси шаҳри Хуҷанд баҳри таъмини мӯътадил ва мунтазами фаъолияти истеҳсолии соҳаҳои нақлиёти автомобилӣ ва алоқа, вусъат додани нишондиҳандаҳои бору мусофиркашонӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ, афзоиш додани иқтидорҳои мавҷуда, беҳдошти вазъи бехатарии ҳаракати роҳҳо ва муҳити зист тибқи нақшаҳои корӣ фаъолияти ин давраи худро ба роҳ мондааст.
Дар самти нақлиёти автомобилии мусофирбар 5 адад ширкатҳои нақлиётӣ- ҶСК «Сорбон», «АРЗ №4», ҶДММ «Газелтранскомпания», «Ҳамдам», «Дейратранс»  ва КВДК «Троллейбусҳои шаҳри Хуҷанд» ба аҳолӣ хизмат мерасонанд. Шумораи умумии нақлиёти мусофиркашони ин корхонаҳои нақлиётӣ 896 адад микроавтобусҳоро ташкил мекунад, ки аз онҳо 524 адад бо сӯзишвории дизелӣ ва 372 адад  бо гази моеъ кор мебаранд. Дар ин давра бо ин миқдор нақлиёт  зиёда аз 38,9 млн. нафар мусофирон хизмат расонида шудаанд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта суръати афзоиш 107,7%-ро ташкил кардааст. Дар КВДК «Троллейбусҳои шаҳри Хуҷанд» аз 4 адад автобусҳои мавҷуд буда 2 адад кор карда истодаанд, ки бо онҳо 22,3ҳаз. нафар мусофирон кашонида шудааст.
Ғайр аз ин, ба шаҳрвандони ш.Хуҷанд 9 адад ширкатҳои нақлиётии ноҳияи Б.Ғафуров ҳам дар хатсайрҳои наздишаҳрӣ хизмат мерасонанд.
Умуман, барои хизматрасонии аҳолӣ 92 адад хатсайрҳои шаҳриву наздишаҳрӣ таъсис дода шудаанд, ки аз онҳо 21 ададашро хатсаӣрҳои дохилишаҳрӣ ташкил мекунад.
Дар ин давра нисбати норасогӣ ва ё номураттаб кор бурдани нақлиёти мусофиркашони хатсайрҳои амалкунанда аз аҳолӣ арзу шикоят нарасидаанд ва ҳоло талаботи онҳо ба пуррагӣ қонеъ кунонида шуда истодааст.
Дар самти боркашонӣ бошад, нақлиётҳои хусусӣ фаъолият дошта 1359,9 ҳаз. тонна борҳои гуногуни хоҷагии халқ ва аҳолӣ кашонида шуда дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта суръати афзоиш 103,0%-ро ташкил мекунад.
Баҳри татбиқи амалии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон марбут ба соҳаи нақлиёти автомобилӣ ва риояи қоидаҳои ҳамлу нақли бору мусофирбарӣ бахш дар ҳамҷоягӣ бо кормандони БДА, нозироти андоз ва ХДНТ дар соҳаи нақлиёти шаҳри Хуҷанд _52 маротиба рейдҳои муштарак ташкил намуда зиёда аз 594 ҳолатҳои қоидавайронкуниҳои нақлиётӣ муайян карда шудаанд, ки нисбати онҳо чорабиниҳои маъмурӣ татбиқ карда шудааст. Аз ҷумла, бе ҳуҷҷатҳои лозимӣ ва бе патент ба роҳ мондани фаъолият, ҳолати носозии техникии воситаҳои нақлиёт, муомилаи дағали ронандагон, вайрон кардани қоидаи истгоҳҳо, риоя нашудани ҷадвали ҳаракат, тағир додани самти ҳаракат ва ғайраҳо.
Дар соҳаи алоқа бошад, ба ташкилоту муассисаҳо ва аҳолӣ ба андозаи 1866,6 ҳаз. сомонӣ хизматрасонии телефонӣ ва радиошунавоӣ карда шудааст, ки аз ҷумла, ба аҳолӣ ба андозаи 798,9 ҳаз. сомонӣ ва ташкилоту муассисаҳо 1067,7 ҳаз. сомонӣ. Ғунҷоиши умумии нуқтаҳои телефонӣ ба 33788 адад баробар буда  ҳоло 27305 ададаш дар истифода қарор дорад, ки аз ҷумла, барои аҳолӣ 23702 адад ва ташкилоту муассисаҳо 3603 адад мебошад. Дар ин давра 391 адад нуқтаи телефонии иловагӣ гузаронида шудааст. Миқдори нуқтаҳои радиошунавоӣ 4724 ададро ташкил мекунад ва дар ҳудуди шаҳр дар нуқтаҳои бисёрҷамъшавии аҳолӣ 10 адад баландгӯякҳо низ истифода бурда мешаванд.
Қарзи дебитории коргоҳ 731.3 ҳаз. Сомониро ташкил мекунад, ки аз ҷумла, аҳолӣ – 512.7 ҳаз. Сомонӣ, ташкилоту корхонаҳо – 218,7 ҳаз. Сомонӣ ва ташкилотҳои буҷавӣ – 86,9 ҳаз. Сомонӣ.
Дар муассисаҳои соҳа бо мақсади таъмини иҷроиши Қарори МИҲД-и ш.Хуҷанд таҳти №68 аз 10.02.2014с. «Дар бораи эълон намудани «Соли ободонӣ ва гулкорӣ» бахшида ба 20-солагии Рӯзи қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд» баҳри вусъат бахшидани корҳои ободонию гулкорӣ дар кӯчаю хиёбонҳо, ҳудуд ва гирду атрофи корхонаҳо, инчунин, маҳалҳои истиқоматӣ дар ин давра корҳои муайян низ ба иҷро расонида шуд.
Рафти иҷроиши қарор таҳти назорати доимӣ гирифта шуда дар ҳамаи корхонаю ташкилотҳо ва коргарон ба корҳои ободонию кабудизоркунӣ, дар мавсими баҳору тобистон гулкорӣ намудани боғу гулгаштҳо, таъмиру тармими биноҳои маъмурӣ, роҳҳо ва доимо тозаю обод нигоҳ доштани ҳудуд ва гирду атрофи корхонаҳо эътибор махсус дода шуд.
Дар муассисаю ташкилотҳо зиёд аз 40 маротиба ҳашарҳои умуми оммавӣ гузаронида шуда дар боғу гулгаштҳо ва атрофи корхонаҳо зиёда аз 580 дона дарахтони мевадиҳандаю сояафкан ва 1200 дона гулҳои ороишӣ шинонида шудаанд. Аз участкаҳои истеҳсолӣ ва ҳудуди корхонаҳо 25 тн. партовҳо бароварда шуда 2,5 ҳаз.м.мураб. ҷӯйҳои обгузар низ тоза карда шуд.
Дар ҶСК «Сорбон» дар ҳамаи сехҳову минтақаҳои истеҳсолии таъмир ва хизматрасониҳои техникии воситаҳои нақлиёт моҳе як маротиба «Рӯзи санитарӣ» эълон карда шуда корҳои тозакунию ободкорӣ гузаронида шудаанд. Бомҳои биноҳои истеҳсолии корхона барои нагузаронидани боришот бо масолеҳи сохтмонӣ пурра таъмир карда шуда як участкаи истеҳсолӣ барои таъмири воситаҳои нақлиёти истеҳсоли хориҷи аз нав созӣ карда шуд. Анбори корхона, ки солҳои зиёд бекор меистод, таъмир карда шуда дар дохили он истеҳсоли маводҳои канселярӣ (китобу дафтарҳои мактабӣ) ба роҳ монда шуд.
Дар КВДК «Троллейбусҳои шаҳри Хуҷанд» низ корҳои ободкориву тозакунӣ гузаронида шуда аз ҳудуди коргоҳ зиёда аз 16,2 тн. партовҳои истеҳсолӣ бароварда ниҳолҳои боғу гулгаштҳои корхона ба тартиб оварда шуд.      Ҳамин хел корҳои ободонию гулкорӣ дар муассисаҳои соҳаи алоқаи шаҳр- Филиали ҶСК «Тоҷиктелеком» дар шаҳри Хуҷанд ва Департаменти «Почтаи тоҷик» низ гузаронида шудаанд.
Дар ҶСК «Иттиҳодияи автовокзалҳо»-и шаҳри Хуҷанд ҳудуди он бо панҷараҳои нави замонавӣ муҷаҳҳаз ва рангубор карда шуда пайраҳа роҳаҳои кӯчаи К.Хуҷандӣ дар рӯ ба рӯи автовокзал дар масоҳати зиёда аз 200 м.мураб. бо сафолакҳои ороишӣ рӯпӯш карда шудаанд. Сутунпояҳои пешайвони бинои автовокзал ва ҳамаи иншоотҳои хизматрасонӣ низ пурра рангубор карда шуда дар гулгаштҳои гирду атрофи он зиёда аз 240 бех гулҳои ороишӣ шинонида шуд.
Инчунин, муассисаҳои нақлиётӣ барои ободонӣ ва асфалтпӯш кардани роҳҳо ҳам саҳми босазои худро гузоштаанд.
Баҳри татбиқи амалии лоиҳаи сармоягузории Бонки тараққиёт ва рушди Аврупо аз рӯи «Барномаи рушди нақлиёти мусофиркашони шаҳри Хуҷанд» моҳи ноябри соли ҷорӣ дар ҳамбастагӣ бо мушовирони бонк ба корҳои тадқиқотиву омодагии маълумотҳои ҳолати ҳозираи фаъолияти нақлиёти мусофиркашони шаҳри Хуҷанд оғоз бахшида корҳои лозимӣ дар ин самт давом дорад.
Бо мақсади таъмини чорабиниҳои бехатарии ҳаракат дар роҳҳо 4 маротиба ҷаласаҳои комиссияи МИҲД-и ш.Хуҷанд доир ба бехатарии ҳаракат гузаронида шуда роҳбарони ташкилоту муассисаҳои дахлдори шаҳр вобаста ба ин масъала тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқ гардида вазифагузорӣ карда шуда иҷроиши онҳо таҳти назорати доимӣ қарор дода шуд.
Дар ҳамаи чорабиниҳо ва гузаронидани маъракаҳои сиёсиву мадании шаҳр ва кашонидани ҳашарчиён ба чиниши пахта ҳам нақлиётчиён саҳми худро гузошта ба ин мақсад зиёда аз 2150 адад воситаҳо нақлиёт ҷудо карда шуд.
Бахши нақлиёт ва алоқаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд баҳри таъмини иҷроиши ҳамаи вазифаю супоришҳои мондашуда ва хизматрасонии истеҳсолот ва аҳолӣ аз нақлиёт ва алоқа тамоми тадбирҳои заруриро меандешад.

Мудири бахши нақлиёт ва алоқа                            Дадоҷонов Ғ.

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим родился 1 августа 1968 года в городе Худжанде, по национальности таджик, имеет высшее образование. В 1994 году окончил ...
Бободжонзаде А. Бободжонзаде А. Бободжонзаде Абдусалом родился 27 декабря 1966 года в районе Б.Гафуров. По национальности таджик, имеет высшее образование, в 1992 году...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...

Youtube