01 Ноябр 2024
Санаи 31 октябри соли 2024 дар Гимназияи 1 ба номи Раҳим Ҷалили шаҳри Хуҷанд бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ таҳти унвони"Конститутсия ва ҳифзи арзишҳои демократӣ" баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ намояндаи Раёсати маорифи вилояти Суғд Сайфулло Раҳматов ва иштирокчиёни сохти Конститутсионӣ Анвар Норматов, собиқадорон, хонандагон ва омӯзгорон иштирок карданд.
Мақсади асосии ин чорабинӣ таҳкими арзишҳои демократӣ, аҳамияти Конститутсия ҳамчун пояи давлатдории миллӣ ва ҳимояи ҳуқуқҳои инсон, инчунин баланд бардоштани ҳисси ифтихори миллӣ ва маърифати ҳуқуқии насли наврас мебошад.
Чорабинии мазкур бо суханронии директори гимназияи №1 ба номи Раҳим Ҷалили шаҳри Хуҷанд Манзура Муинзода оғоз гардид, мавсуф дар баромади худ зикр кард, ки Конститутсия на танҳо санади асосии ҳуқуқии кишвар, балки рамзи истиқлолият ва соҳибихтиёрии миллии мо мебошад. Ҳамчунин зикр гардид, ки Конститутсия ҳамчун заминаи ҳуқуқӣ барои рушд ва шукуфоии Тоҷикистони навин хизмат мекунад, ва зарур аст, ки ҳар як шаҳрванди кишвар ба он арҷ гузорад ва арзишҳои онро дар ҳаёти ҳаррӯзаи худ амалӣ намояд.
Баъдан намояндаи Раёсати маорифи вилояти Суғд дар баромади худ аҳамияти таърихӣ ва сиёсиву иҷтимоии Конститутсияро барои устувории давлатдории миллӣ ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон таъкид намуд. Номбурда қайд кард, ки Конститутсия ба сифати қонуни олӣ, ҳамаи шаҳрвандонро дар роҳи рушд ва ҳифзи арзишҳои демократӣ муттаҳид месозад.
Ҳамчунин, иштирокчии сохти конститутсионӣ баромад намуданд.
Чорабинӣ бо барномаи фарҳангию фароғатии хонандагон анҷом ёфт.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд