01 Ноябр 2024
Дар МТТ№20-и шаҳри Хуҷанд маҳфили хушҳолӣ бахшида ба 30 солагии Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони "Конститутсия-бахтномаи миллат" баргузор гардид.
Дӯстрӯякон дар бораи Конститутсия шеъру гуфтор ва сурудҳои ватандӯстона ироа намуданд.
Таъкид шуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки баъд аз Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид, ба давраи мураккабу ноороми ҷамъиятиву сиёсии мамлакат рост омад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди Раиси Шурои Олии Тоҷикистон интихоб шудан, новобаста аз вазъи сиёсиву иқтисодии ҷумҳурӣ ба мураттабсозии лоиҳаи он ба ҳайси Раиси комиссияи конститутсионӣ машғул гардиданд. Комиссия дар зарфи ду соли мураттабсозии лоиҳаи Конститутсия фикру андешаҳои гуногунро омӯхта, лоиҳаро ба муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод намуд. Дар байни аъзои комиссия оид ба идоракунии президентӣ ва парлумонӣ баҳсҳо ба амал меомад ва ниҳоят шакли идоракунии президентӣ дар Тоҷикистон пазируфта шуд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд