21 Октябрь 2024
Недоступен ни однин перевод.
Имрӯз дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Маросими супоридани унвони «Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд» баргузор гардид.
Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода чорабиниро ифтитоҳ намуда, аз ҷумла афзуд, ки қадршиносии шахсиятҳои арзанда ва гиромӣ доштани хидматҳои онҳо дар инкишофу пешрафти ҷомеа аз муҳимтарин рукнҳои сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор меравад.
Маҳз маҳсули ҳамин сиёсат аст, ки дар шаҳри Хуҷанд сарфароз гардонидани шахсиятҳои арзанда бо унвони «Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд» ба ҳукми анъана даромада, ҳамасола қадршиносӣ ва ба хидматҳои ин шахсиятҳо арҷ гузошта мешавад.
Вобаста ба ин, қарори Раиси шаҳр аз 16 июли соли 2015, №518 «Дар бораи тасдиқ намудани Низомнома оид ба тартиби пешниҳод ва додани унвони «Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд» низ ба тавсиб расидааст ва ҳамасола тибқи хулосаи комиссияи озмун ба шахсиятҳои арзанда чунин унвон дода мешавад.
Таъкид шуд, ки фаъолияти илмиву амалии шахсиятҳои арзанда ва кору пайкори чунин инсонҳо мавриди тарғибу ташвиқ дар миёни ҷавонон қарор гирифта, ҳамчун дарси ибрат ва намунаи олии зиндагонии шоиста муаррифӣ мегардад.
Дар ин радиф, яке аз устодони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, Аълочии маорифи Тоҷикистон, дорандаи медали «Хизмати шоиста» - Абдураҳмон Қодирзода, ки 45 сол инҷониб барои баланд бардоштани илму маориф, таълиму тарбияи насли ҷавон ва мутахассисони соҳибкасб, ба камол расонидани кадрҳои илмии педагогӣ ва рушди соҳаи иқтисодӣ, ба анҷом расонидани корҳои босамари илмӣ-тадқиқотӣ ва таълифи рисолаҳои пурмўҳтаво саҳми назаррас гузоштаанд.
Фаъолияти илмиву тадқиқотии Абдураҳмон Қодирзода ҳанўз аз соли 1977 ҳамчун муҳандиси Институти илмию тадқиқотӣ, ки ҳоло Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфта, то инҷониб ба ҳайси муаллими калон, дотсент, мудири кафедра, декани факултет, муовини ректор оид ба таълим дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров кору фаъолият бурдаанд. Профессор Абдураҳмон Қодирзода ҳамчун иқтисодчии варзида дар таъсиси Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ва Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон саҳми арзанда дошта, монография, китобҳои таълимӣ ва мақолаҳои илмӣ таълиф намудаанд.
Ҳамчунин, яке аз мутахассисони варзида, Бинокори фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорандаи медали «Хизмати шоиста», муҳандис-сохтмончӣ, устоди садҳо шогирдон, муаллифи беҳтарин иншоотҳо – Мақсудҷон Умаров барои ободу зебо гардидани шаҳри Хуҷанд, сохта ба истифода додани даҳҳо иншооти муҳими иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангию маишӣ, таърихӣ, тарбия намудани кадрҳои ҷавони соҳаи сохтмон нақши муҳим дошта, имруз низ фаъолияти хешро баҳри пешбурди соҳаи сохтмон давом дода истодаанд.
Бо қаноатмандию ифтихор метавон қайд намуд, ки бо иштироки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нишондодҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода якчанд иншооти муҳиму замонавӣ дар вилояти Суғд, аз ҷумла дар шаҳри Хуҷанд: Маркази бемориҳои дил ва ҷарроҳии дилу рагҳои вилояти Суғд, Беморхонаи клиникавии шаҳрии №1, азнавбарқароркунии «Меҳмонхонаи Суғдиён», бинои маъмурии Прокуратураи вилояти Суғд, бунёди Муассисаи давлатии «Маҷмааи таърихӣ- маърифатии ба номи Абўмаҳмуди Хуҷандӣ» ва иншооти бузурги таърихию фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд», ки зиёда аз 7 сол сохтмонаш идома ёфта, ифтитоҳ гардидааст, саҳми Мақсудҷон Умаров хеле бузург аст.
Сипас дар вазъияти тантанавӣ ба Абдураҳмон Қодирзода ва Мақсудҷон Умаров унвони “Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд” тақдим карда шуд.
Доктори илмҳои филологӣ, профессор Неъматҷон Файзуллоев, нависанда Муқим Воҳид ва раиси Асотсиатсияи сохтмончиёни вилояти Суғд Мирзомуъмин Бобоев аз хидматҳои Абдураҳмон Қодирзода ва Мақсудҷон Умаров дар рушду тараққиёти хоҷагии халқи вилоят ёдоварӣ намуда, онҳоро сазовори унвони “Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд” донистанд.
Абдураҳмон Қодирзода ва Мақсудҷон Умаров барои қадршиносӣ аз заҳматҳояшон ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдорӣ баён доштанд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд