07 Май 2024
Недоступен ни однин перевод.
Дар майдони футболи гимназияи №1-и ба номи Раҳим Ҷалил мусобиқаи шаҳри Хуҷанд оид ба футболи хурд байни духтарони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон баргузор гардид.
Мусобиқа тибқи нақшаи чорабиниҳои якҷояи шӯъбаи маориф ва бахши кор бо ҷавонон ва варзиш шаҳри Хуҷанд доир гардида, ҳадаф аз баргузории мусобиқа ин тарғиби тарзи ҳаëти солим, рушди тарбияи ҷисмонӣ, ҷалби бештари наврасону ҷавонон алалхусус духтарон ба намуди футбол ва пешгирии падидаҳои номатлуб миёни ҷавонон мебошад.
Дар мусобиқа 80 нафар футболбозон дар ҳайати 8 даста иштирок ва қувваозмоӣ намуданд.
Дар натиҷа сазовори МТМУ №10 сазовори мақоми аввал гардида, дастаи гимназияи №1 ҷойи дуюм ва МТМУ №7 зинаи сеюмро ба даст оварданд.
Ғолибону ҷоизадорон бо Ҷом, диплому медал ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ карда шуданд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд