(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altСубҳи имрӯз дар МТМУ №12-и шаҳри Хуҷанд ҷамъомади тантанавӣ оид ба расми кушоди лавҳаи хотиравии Қаҳҳоров Абдумалик Абдусатторович дар ин муассисаи таълимӣ баргузор гардид.

Чорабиниро муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Ҷамшед Набизода ифтитоҳ намуда, аз ҷумла қайд кард, ки қадршиносӣ намудани хизматҳои шоёни ходимони барҷастаи давлатию ҷамъиятӣ, Арбобони намоёни илму фарҳанг, зиёиёни пешқадам – умуман шахсиятҳои хирадпеша ва ба дараҷаи сиёсати давлатӣ баровардани онҳо, яке аз падидаҳои даврони Истиқлолият, натиҷаи сиёсати давлат ва Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон мебошад. Зиндагиномаи ҳар як шахсиятҳои маъруфи Тоҷикистон як мактаби таҷрибаи ҳаёт мебошад.
Зикр гардид, ки омўзиши ҳаёту фаъолияти онҳо дар тарбияи эҳсоси наҷиби ватандўстӣ, садоқату хизмат ба Ватан ва худшиносии миллӣ зарур аст. Пос доштани хотираи арбобони давлатӣ, ҷамъиятиву сиёсӣ, ходимони илм, маориф, фарҳанг, тандурустӣ ва муҳофизони Ватан ба ҳукми анъана даромадааст.Пардабардорӣ аз лавҳаи ёдбуди ҷанговари интернатсионалист, дорандаи ордени Ситораи Сурх Қаҳҳоров Абдумалик Абдусатторович дар ҳаёти иҷтимоиву фарҳангии шаҳру вилоят рўйдоди воқеан хотирмон мебошад.
Иттилоъ дода шуд, ки дар асоси мактуби раиси Иттифоқи собиқадорони ҷанговарони интернатсионалисти вилояти Суғд ва тибқи он қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аз 12 марти соли 2024, № 299 оид ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12 уми шаҳри Хуҷанд гузоштани лавҳаи хотиравии ҷанговари интернатсионалист Қаҳоров Абдумалик Абдусатторович ба тавсиб расонида шудааст.
Гуфта шуд, ки Қаҳҳоров Абдумалик Абдусаторович 4 майи соли 1965 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Соли 1972 то соли 1982 дар мактаби миёнаи №12 шаҳри Хуҷанд таҳсил намуда, баъди хатми мактаби миёна ба омўзишгоҳи техникии №3 ба номи Юрий Гагарин дохил гардида соли 1983 бо ихтисоси челонгар-васлгар хатм кардааст.
Моҳи ноябри соли 1983 ба сафи қувваҳои Мусаллаҳи собиқ ИҶШС ба хизмат даъват карда шуда, курси кумандони хурди қўшунҳои хушкигардиро дар шаҳри Ашхоботи Ҷумҳурии Туркманистон ба итмом расонидааст. Моҳи апрели соли 1984 барои идомаи хизмат ба Ҷумҳурии Афғонистон фиристода шуда, дар қисми харбии 93992 дар вазифаи командири отдиленияи гурўҳи алоҳидаи разведка хизмат намудааст. Дар якчанд амалиётҳои ҷангӣ иштирок намуда мардонагию ҷасорат нишон додааст. 14-уми апрели соли 1985 дар яке аз амалиётҳои ҷангӣ дар шаҳри Лагмони Афғонистон ярадор гардида, барои мардонагӣ ва шуҷоат бо ордени «Ситораи Сурх» мукофотонида шудааст.
Пас аз адои хизмат соли 1986 ба техникуми кооперативии шаҳри Хуҷанд дохил шуда, соли 1988 бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм намудааст. Мавсуф чун нафақахўри аҳамияти ҷумҳуриявӣ, маъюби гурўҳи дуюми осеби ҷангӣ, узви фаъоли Шўрои собиқадорони ҷанги Афғонистон барои иштирок дар слёти якуми ҷанговарони интернатсионалисти умумииттифоқ ба шаҳри Ашхобод фиристода шудааст.
Қаҳҳоров Абдумалик соли 2015 то соли 2019 ҳамчун раиси шўрои маъюбони ҷанги Афғонистони вилояти Суғд кор ва фаъолият намуда, барои тарбияи насли наврас дар ҷодаи ҳарбӣ ва ватандўстӣ ҳиссаи арзандаи худро гузоштааст.
Сипас рўи лавҳаи ёдгорӣ парда бардошта шуд.
Дар чорабинӣ раиси иттифоқи собиқадорони ҷанговарони интернатсионалист дар вилояти Суғд Қобилов Муқимҷон, директори МТМУ №12-уми шаҳри Хуҷанд Раҳмонова Дилафрўз, пайванди марҳум Абдушукур Абдулакимов ва дигарон баромад намуданд.
Сипас дар толори МТМУ №12 ба муносибати ёдбуди Қаҳоров Абдумалик чорабинии тарбиявӣ баргузор гардид, ки дар он меҳмонон, аз ҷумла Консули генералии Федератсияи Русия дар шаҳри Хуҷанд С. Ланкин иштирок намуд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Бободжонзаде А. Бободжонзаде А. Бободжонзаде Абдусалом родился 27 декабря 1966 года в районе Б.Гафуров. По национальности таджик, имеет высшее образование, в 1992 году...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...