(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд бо иштироки меҳмонони дохилию хориҷӣ, олимон, коршиносон Конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Нақши созандаи Пешвои миллат дар ташаккули худшиносӣ ва ҳувияти миллии ҷавонон» баргузор гардид.

Директори Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд Алимат Мавлонзода онро ифтитоҳ намуда, меҳмонон ва иштирокчиёни Конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Нақши созандаи Пешвои миллат дар ташаккули худшиносӣ ва ҳувияти миллии ҷавонон»! хайрамақдам гуфта, таъкид дошт, ки конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Нақши созандаи Пешвои миллат дар ташаккули худшиносӣ ва ҳувияти миллии ҷавонон» бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” баргузор мегардад.
Сипас дар ҷараёни кори конфронс мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд, доктори илмҳои филологӣ, профессор Тоҷибой Султонзода, сардори раёсати тиббию фармасевтӣ, сиёсати кадрҳо ва илми Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон муҳтарам Юсуфӣ Саломуддин Ҷаббор, роҳбари намояндагии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон ҷаноби доктор Виктор Олшавский, доктори илмҳои таърих, профессори ДДҲБСТ Нуъмонҷон Ғаффорӣ, директори Маркази тарғиби адабиёт ва фарҳанги миллии назди Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, сиёсатшинос ва адиб Абдуллоҳи Раҳнамо баромад намуданд.
Таъкид шуд, саҳифаҳои таърихи башар дар баробари ҳодисаву воқеаҳои гуногун аз корҳои нек ва хидматҳои мондагори нафароне ҳикоят мекунанд, ки кору зиндагӣ ва гуфтору кирдорашон ба сарнавишти миллионҳо одамон таъсир гузоштааст. Дар ин миён, нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мухтарам Эмомалӣ Раҳмон бо муҳтавои махсус бозгӯ мешавад ва ин рисолат ба фаъолияти сулҳофаринӣ, давлатсозию миллатсозии Пешвои муаззами миллат иртиботи мустақим дорад.
Инак 33 сол аст, ки мардуми кишвар таҳти сарварии Пешвои миллат бо мақсаду ниятҳои олии созандагию ободонӣ, ба хотири бунёди ҷомеаи демократӣ, озоду дунявӣ, расидан ба рӯзу рӯзгорони боз ҳам зебову пурсаодат кору зиндагӣ мекунанд.
Дар ин солҳо Ватани маҳбуби мо бо суръати баланд рушду нумӯ ёфт, ободу зебо гардид, ба яке аз кишварҳои пешрафта ва дорои захираю имкониятҳои бузурги иқтисодию иҷтимоӣ табдил ёфт ва дар миёни ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷойгоҳи сазовор пайдо намуд.
Ба эътирофи тамоми мардуми шарифи мамлакат Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кору амал, бо талошҳо ва ҷоннисориҳо барои шаҳрвандони кишвар беҳтарин ва ноёбтарин неъмат-сулҳу субот ва Ваҳдати комилро фароҳам оварданд, ки сарчашмаи тамоми музаффариятҳои мо дар сиёсати давлатдорӣ ва асоси воқеии хушбахтиҳои халқи толеъбаланди тоҷик аст.
Пешвои муаззами миллат дар Паёми солонаи худ дар робита ба нақшу мақом ва ҷойгоҳи ҷавонон, аз ҷумла таъкид намуданд, ки “Ҷавонони Тоҷикистони соҳибистиқлол неруи созандаи Ватан буда, нақши онҳо дар тараққиёти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа бисёр арзишманд ва назаррас мебошад.
Зикр гардид, ки ҳадафи Сарвари давлат аз сарпарастӣ намудани озмунҳои «Илм–фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон–Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат», роҳандозии ҷоизаҳои махсус дар риштаи илмҳои дақиқ ва олимпиадаву озмунҳои гуногуни сатҳи вилоятию ҷумҳуриявӣ тақвият бахшидани ҳувияти миллӣ, ҳисси ифтихор аз таъриху тамаддуни бостонии халқамон, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии мардум, қабл аз ҳама наврасону ҷавонон ва тақвияти завқи зебоипарастии онҳо мебошад.
Имрӯз беш аз ҳар вақти дигар, барои таъмини рушду шукуфоии кишвари азизамон ниёзҳои ҷомеа ба ҳузури ҷавонони соҳибтахассус, дорои тафаккури созанда, бунёдкору соҳибибтикор эҳсос мегардад.
Пешвои миллат борҳо таъкид кардаанд, ки ҷавонони кишвар дорои ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстиву ватанпарварӣ буда, дар мубориза бо ҳама гуна хавфу хатарҳое, ки зидди давлату миллатанд, омода мебошанд ва манфиатҳои миллиро аз ҳар манфиати дигар боло медонанд.
Боиси хурсандист, ки дар қатори меҳмонони дигар дар конференсияи имрӯза намояндагони Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ бо сарварии роҳбари Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон ҷаноби доктор Виктор Ольшавский ширкат доранд.
Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саломатии миллатро боигарии давлат дониста, пайваста ба рушди соҳаи тандурустӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд. Чунин ғамхорӣ ба беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, фароҳам овардани шароити муносиби фароғату солимгардонӣ, таъмиру тармими муассисаҳои табобатӣ, баланд бардоштани сифати дониш ва тарбия дар муассисаҳои таълимии тиббӣ, истифодаи роҳу усулҳои замонавии табобати шаҳрвандон ва ҷорӣ намудани таҷрибаҳои пешқадам дар фаъолияти кормандони соҳаи тандурустӣ таккони ҷиддие мебахшад.
Сипас дар бахшҳои дигар конфрон кори худро идома бахшид.
Бояд қайд намуд, ки меҳмонон аз бинои нави таълимӣ, таҷҳизот ва дастовардҳои Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи профессор Ю.Б. Исҳоқӣ шинос гардида, ба сатҳу сифати заминаи моддӣ ва усули омода намудани кадрҳо дар ин муассисаи таълимӣ баҳои баланд доданд.




Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...